НАҚШ ВА МАҚОМИ ОМӮЗГОР ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ МУОСИР

0 2

Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.

                                     Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷамъият омӯзгор буд ва мемонад. Ин симоест, ки месӯзад ва месозад, дунёи маънавии инсониятро бо ҷиллоҳои нав мунаққаш мегардонад. Чун муҳандис нақша мекашад ва бо тарҳи кашидааш олами рӯҳии инсониятро мунаввар мегардонад.

Чун кӯдак ба остонаи мактаб қадам мениҳад, ин қадамҳои аввалини ҷудо шудан аз домони модари ҳамтан ва шиносоӣ бо модари маънавӣ хеш мебошад. Ва дар ин саҳфаи тозаи беолоиш омӯзгор нақши худро мегузорад, аз чоҳи зулмат берунаш менамояд, перояе бо нури илму маърифат барояш медӯзад ва чароғи роҳи фардои дурахшонро барояш меафрӯзад. Омӯзгор чун ҳунарманде тамоми маҳорату малакаи худро сарф менамояд, то дарахти парвардааш меваҳои ширин ба бор оварад.

Мусаллам аст, ки барои пешравии ҷомеа пеш аз ҳама инсони комил месозад. Барои ин омӯзгор ба ҳар ду самти аз ҳам ҷудонашаванда, ки ба якдигар пайванди узвӣ доранд: тарбия ва таълим аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳад.

Педагоги машҳури рус Макаренко А.С. низ ин нуктаро эътироф намуда, талқин медиҳад, ки маҳаки асосии таълим дар инсондӯстист. У талқин намуда буд, ки муҳим аст, ки дар муносибат бо таълимгирандагон меъёри меҳрубонӣ ва муҳаббат, сахтгирию дуруштӣ ба эътибор гирифта шавад. Дарк намоем, ки ҳар таълимгиранда тарафи мусбӣ низ дорад, кӯшиш намоем истеъдоди ниҳоии онҳоро ташаккул диҳем.

Аз ин андешаи пурмуҳтаво натиҷабардорӣ мегардад, ки тарбияи дурусти шогирдон маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, дар раванди таълим ӯ бояд ба хатогӣ роҳ надиҳад. Чун волидайн ва ашхоси онҳоро ивазкунанда ҳамчун роҳнамои маънавӣ ва ба камол расонандаи насли солиму созанда ва шоистаи давр масъул бошад.

Имрӯз сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башарӣ таҳия ва роҳандозӣ кара шуда, бо дарназардошти вазъи кунунӣ омили муҳимтарини амнияти миллист. Зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммал дошта, пешаҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Дар ҳақиқат илму маориф дар ҳама давру замон нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Мардуми тоҷик аз кадимулайём бо дафтару девон сару кор дошт, китобдору китобхон буд ва да бунёди тамаддуни башарият бо корнамоиҳои илмиву фарҳангии худ сахми шоист гузоштааст.

Ногуфта намонад, ки дар таълиму тарбия устод ба қобилияти шогирдон ҳатман бояд диққат диҳад, зеро қобилияти зеҳни ва шавқу завқи ҳама яке нест. Агар устод ба ин самт аҳамият надиҳад, дар кори таълиму тарбия муваффақ нахоҳад гашт. Чуноне Ибни Сино овардааст: «Устод, бояд бидонад, ки наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки дар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани санъати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш санъат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад».

Пас барои рушди тафаккур, ки дар боло зикр кардем, мо омӯзгорон тамоми маҳорату малакаи худро барои амалӣ намудани салоҳиятнокии таълим бояд равона созем. Аз ин рӯ, нақши асосии омӯзгор дар замони муосир танҳо ба ҳамин самт бояд равона гардад. Ва барои муваффақ шудан методҳои нави таълиму тарбияро бояд интихоб намуд, чун методи босалоҳияти таълим.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солона ва суханрониҳои худ, ки ҳамасол бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ироа медоранд ба ин паҳлуи масъала ва мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса дода, пайваста таъкид медоранд, ки дар сиёсат иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, омӯзгор ҳамчун як чеҳраи калидӣ, таҳкимбахши рушд ва пешрафти он аст. Зеро нақши омӯзгор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, маърифатнок намудани насли наврас ва ҷавонон, ташаккули тафаккури фарҳангӣ ва техникиву эҷодкории онҳо, таҳким ва пешрафти соҳаҳои дигари ҷомеа ниҳоят муассир аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварид қайд доштанд, ки: «Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст метавонанд савияи таълим ва дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ намоянд»

Пас, мо, омӯзгоронро зарур аст, ки бештар рӯ оварем ба технологияи нави педагогӣ, шаклу усулҳои нави таълим, бахусус, дар самти дарк ва тадбиқи натиҷаҳои дониши назариявии ба даст овардашуда. Омӯзгор он вақт дар замони муосир нақши худро дар ҷомеа ба даст оварда метавонад, ки шогирди тарбиянамудааш маҷмӯи дониш, малакаи дар раванди таълим омӯхтаро дар хаёти ҳаррӯза истифода барад ва ҳар амалро ақилона бо сифати хуб ва боварии комил иҷро кунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презпдентн Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ бамаврид фармудаанд, ки инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошт. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чи андухтааст, ба дигарон меомӯзонад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба мартабае ноил намегардад.

Нақши омӯзгор дар замони муосир танҳо замоне ҷиллои нав мегирад, ки тавонад бо дасти пурэъљоз шогирдонеро наққошӣ намояд, ки илму дониши додааш дар ташаккули шахсияти онҳо саҳми босазо гузорад, то шогирди тарбиянамудааш дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо намоянд ва ба масъулиятии доштааш бо таҳқиқ бингаранд ва муносибати эҷодкорона дошта бошанд.

Муаллим бо донишу маҳорати худ табиати инсониятро тағир медиҳад ва чун инсон ба пояи баланди таълиму тарбия расид, бо ақлу заковати андӯхтааш табиатро тағир медиҳад, ҷомеаро ба қуллаҳои баланди инкишофу тараққиёт мерасонад. Ин аст симои пуршарафи омӯзгор, ки созанда аст. Насли солиму барӯмандони сохтааш ҷомеаи солиму устувореро бунёд месозанд, ба сӯйи қуллаҳои баланди илму техника ва умуман ба ҷаҳони нави навгониҳо ворид мешаванд ва мутаассифона фаромӯш месозанд, ки ин ҳама муваффақиятҳо аз дасти созандаву эҷодкор, симои сӯзандаву афрӯзандаи омӯзгор сарчашма гирифтаанд.

Педагоги машҳур Ян Ямос Каменский мегӯяд: «Ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад». Пас, пуршарафтарин, бомасъулиятттарин шахс омӯзгор аст, ки бо афрӯхтани ҷаҳони маънӣ роҳи ҳар якеро мунаввар месозад, табиати инсониятро ташаккул медиҳад, роҳи дурусти ҳаётро меомӯзад, то наслҳои солимфикру, соҳибмаълумоти дорои ҷаҳонбинии комилро ба воя расонида, бо киштии хирад ба соҳили мақсуд бирасанд ва бо дурри маънӣ ҷаҳонро биороянд. Яъне, муаллим ба нерӯи зеҳнии инсоният қувват бахшида, тавассути илм, маърифат, ақл, хирад, қобилияти фикрӣ ва лафзӣ камолоти инсониро таъмин мекунад.

Чи тавре,ки Муҳаммад Ғаззолй фармудааст:

Муаллимӣ шуғл нест. Муаллими ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад.

Назарова Озода

Омӯзгори калони кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.