РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ 0 1 Мубодила кардан Дар таърихи 12.02. 2026 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» вохӯрии Сардори шуъбаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, полковник Шарипов Сарабек, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малохати Қурбон, сардори шуъбаи таълим Сафарзода Файзалӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ» баргузор гардид. Сардори шуъбаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар шаҳри Кӯлоб полковник Шарипов Сарабек баромад намуда, чунин қайд намуд, ки дар замони муосир амният ва суботи ҷомеа аз пешгирии терроризм ва экстремизм вобастагии ҷиддӣ дорад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа буда, метавонанд дар рушд ва шукуфоии ҷомеа нақши созанда гузоранд. Аммо баъзан гурӯҳҳои террористию ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони ноогоҳро ба ҷонибдорӣ ё иштирок дар фаъолияти худ ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва иҷтимоии кишвари мо ба ҳисоб меравад. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхати ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, нашр гардидааст. Ин амал ба ҷавонон имкон медиҳад, ки аз чунин гурӯҳҳои номатлуб огоҳ шуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд. Имрӯз ҷавонони соҳибиродаи мо, ба ғайр аз донишу эҷодкорӣ, инчунин шуури баланди истиқлолият, худшиносӣ, худогоҳӣ, садоқат ба Ватан, озодӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро соҳибанд. Терроризм ва экстремизм ба маънои томаш хиёнат ба Ватан, дур шудан аз арзишҳои миллӣ ва носипосӣ нисбат ба неъматҳои кишвари маҳбубамон мебошад. Азбаски ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи муосир асоси боэътимод надорад, барои маҳви он бояд ақли солим, маърифати сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба кор бурда шавад. Имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддӣ гаравиши ҷавонони сустирода ва соддалавҳ ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад, ки ҷомеаро нигарон месозад. Хусусан, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср моро водор менамояд, ки ҳамеша ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро нигоҳ дорем. Дар анҷом бояд гуфт, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ кори муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Дар фарҷоми вохӯрӣ сардори шуъбаи таълим Сафарзода Файзалӣ баромад намуда, иброз дошт, ки ҷавонони бофарҳангу бономуси кишвар қишри ҷудонашавандаи ҷомеа буда, ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони бообрӯ ва ватандӯст мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд аз чунин ҳадафҳои номатлуби ҷомеа худдорӣ намоянд. МАЪМУРИЯТ Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан