ПАЁМ –ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТУ МУВАФАҚИЯТҲОИ МОСТ

0 2

Санаи 07.01.2026 дар толори маҷлисгоҳи МДТ-и “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А. Бо иштироки гӯруҳи кори дар ҳайати;

— Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода С.

— Узви раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Бозорзода С.

— Узви раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоинов Ҳ.

— Мудири шубаи бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар назди МИ ҲД-и шаҳри Кӯлоб Салимзода С.

— Муовини директор оид ба илм Маҳмудзода Қ.

— Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон

Инчунин омӯзгорон ва дигар кормандони муассиса ҷиҳати расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 16.12.2025 нишаст – вохӯри баргузор карда шуд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи муовини раиси КИ ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино» Абдураҳмонов Карим оғоз намуда мақсад ва муҳтавои вохуриро ба ҳозирин маънидод кард ва меҳмононро хайрамақдам гуфт”.

Аз руи масъалаи мазкур Раиси КИ ҲХДТдар шаҳри Кӯлоб Сайвализода С баромад карда, муҳтаво ва нуқтаҳои асосии Паёмро ба аҳли толор маълумот дод. Дар рафти баромад у дар бораи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, барои корҳои ободонию созандаги бо мақсади рушду пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон аз аҳли толор даъват ба амал овард.

-Вобаста ба ин масъала Узви раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоинов Ҳ, Мудири шубаи бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар назди МИ ҲД-и шаҳри Кӯлоб Салимзода С баромад карда, нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро гуфта гузаштанд Аз ҷумла, баромадкунандагон оид ба тавҷӯҳи Пешвои миллат, бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, инчунин дар бораи раванди татбиқи босифати Қонунҳои миллиӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷоми вохӯри муовини директор оид ба илм Маҳмудзода Қ. баромад карда, аҳамияти ин нишаст – вохӯриро ба ҳозирин маънидод намуда, аз колективи муассиса даъват намуданд, ки Паёми Пешвои миллатро, ҳамчун дастури роҳнамо дар кору фаъолияти худ донанд ва ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Олии Кишвар бо меҳнати пурсамари худ саҳмгузор бошанд.

Абдураҳмонов Карим

Муовини раиси КИ ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.