ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶУЁН ДАР АРАФАИ «СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ» 0 2 Мубодила кардан Санаи 26.12.2025 сол дар арафаи «Соли нави мелодӣ» аз тарафи роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ба як қатор омӯзгорон Сипосномаҳо барои иштироки фаъолона ва комёбиҳои назаррас дар фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ рафтори намунавӣ, ва саҳми арзанда дар рушди иқдомҳои созанда дар соли 2025 ба муносибати «Соли нави мелодӣ» ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд. Роҳбари муассиса Назарзода Ҷумахон Шамс ва муовини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз Аҳмадулло ба донишҷӯёни ятими кули муассиса ва табақаҳои ниёзманди омӯзгорон ва донишҷӯён дасти кумак дароз намуданд. Бо иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепасторон ва оилаҳои ниёзманд назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди бокамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Қобили зикр аст, ки дар доираи дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд. Боиси хушнудист, ки дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон иқдоми ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бояд қайд намуд, ки ин амалҳои инсондӯстона доимо мадди назари роҳбарияти муассиса буда, дар ҳар як арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо дасти кӯмак дароз менамоянд. Пеш 1 то 39 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан