Мақсад аз гузаронидани ин конференсия дар он аст, ки баланд бардоштани савияи илмӣ-ҷаҳонбинии донишҷӯёнро бо дарки баланди илмҳои табиатшиносӣ, омӯзиши ҷирмҳову кометаҳои осмонӣ, донишандӯзӣ ва омӯхтани сайёраҳо ва радифҳои меҳвари осмон мебошад. Конференсия дар 5 бахш бо маърузаҳои актуалӣ ва илмӣ гузаронида шуд.
Дар қисмати поёни конференсия саволу ҷавобҳо нисбати таърихи пайдоиши коинот ва сайёраҳо гузаронида шуд. Дар фарҷоми конференсия як қатор донишҷӯён ва омӯзгорон бо ифтихорномаҳо қадрдони шуданд.