ОЗМУНИ ФАННИ ОИДИ МАВЗУИ “СИСТЕМАИ УЗВҲОИ ҲОЗИМА”

0 0

Санаи 11.12.2025 сол дар толори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” озмуни фанни “Анатомия ва физиологияи одам” оиди мавзуи “Системаи узвҳои ҳозима” аз тарафи омӯзгорони кафедра Холова Маҳбуба ва Зарипова Ҳангома дар гурӯҳҳои 101 ва 102-и факултети “Кори ҳамширагӣ”гузаронида шуд.

Озмунро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи “Анатомия ва физиологияи эътидолӣ” Шарипова. К. М оғоз намуд. Сипас ӯ ба иштирокчиён мақсад ва барномаи озмунро хонда дод. Иштирокчиёни озмунро ба саҳна даъват намуд. Аҳли нишастро бо меҳмонон ва аъзои ҳакамон шинос намуд. Озмун аз 5 қисм иборат буда,ҳама қисмҳо аз тарафи донишҷуён бо хубӣ гуфта, гузашта шуданд.

Гузаронидани озмунҳои фанни “Анатомия”:

• Имконият медиҳад,ки донишҷу дониши худро бисанҷад ва такмил диҳад;

• Шавқу рағбатро ба фан зиёд мекунад;

• Муҳити рақобати солимро ба вуҷуд меорад;

• Истеъдоди ҷавононро ошкор мекунад.

Ҳамчунин чунин озмунҳо ҳисси масъулият,таҳлил ва муҳокимарониро дар донишомӯзон тақвият медиҳад. Аз тарафи ҳакамон ҳамаи шартҳои озмун баҳогузорӣ гаштанд. Дар охир сухан ба раиси ҳакамон Сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов Карим дода шуд. Зимни баромад у қайд намуд, ки донишҷӯён ба озмун хеле ҷиддӣ омодагӣ дидаанд. Аз ӯҳдаи иҷрои ҳамаи он шартҳое, ки дар барнома гузошта шуда буд ба хубӣ баромаданд. Дар фарҷоми барнома ба иштироккунандагони фаъол сипоснома супурда шуд.

Озмунҳои анатомӣ на танҳо василаи омӯзиш, балки қадаме муҳим дар омодасозии мутахассисони оянда мебошанд. Онҳо бояд мунтазам, ҷолиб ва дар сатҳи баланди ташкилшавии фаннӣ гузаронида шаванд.

Шарипова Камилла

Мудири кафедраи “Анатомия ва физиология”-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.