Санаи 10-12-2025 сол дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон конференсия баргузор гардид. Дар ин конференсия иштирок доштанд ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, ҷонишини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фируз, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Аламхонова Санавбар, Раиси созмони ҷавонон ва варзиши муассиса Мирзоева Дилбар, Сармутахассиси шуъбаи тарбия Фақеров Бахтиер ва омӯзгорону донишҷӯёни иштирок доштанд. Ҷонишини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фируз баромад намуда қайд намуданд, ки Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ қабул шуда, ҳамасола ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, оид ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд давлатҳои аъзоро ҳушдор дода озодии сухан виҷдон ва эътибор ва эътиқодро эътироф намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид иброз намвуданд, ки «Вазъи тайғирёбандаи ҷаҳони имрӯза хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир аз ҷумла терроризму экстремизм, қачоқи силоҳ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва дигар ҷиноятҳои фарогири, ки башариятро ба ташвиш овардаанд моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати авалиндараҷа диҳем».
Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон баромад намуда қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории Рӯзи ҳуқуқи инсон ин пеш аз ҳама ба ҷомеа ва ҳар як инсон расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як шаҳрванд мебошад.