БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД…

0 3

Дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бахшида ба Рӯзи байналмилалии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ки ҳаммасола санаи 3-юми декабр қайд карда мешавад. Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтанд, ки ба маъюбони муассиса туҳфаҳои пулӣ тақдим намоянд. Дар ин вохӯрӣ ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон ва Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Аламхонова Санавбар ва донишҷӯёни маъюби муассиса иштирок доштанд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён қайд намуданд, ки вобаста ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки доимо таъкид менамоянд, ки нисбат ба ятимону маъюбон ғамхорӣ ва муносибати раҳмдилона намоед. Накӯӣ, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, риоятпарварӣ ва ғамхори ба ятимону, маъбон аз оини инсондӯстӣ аст ва аз фарҳанги ғаниву суннати азалии мардуми тоҷик ибтидо мегирад. Онҳо низ мисли дигарон ҳуқуқ ба зиндагии пурмазмун доранд. Кумак, дастгирӣ ва эҳтироми маъюбон на танҳо вазифаи давлат,балки масъулияти ҳар як инсон аст.

Мавриди зикр аст, ки донишҷуён аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари муассиса рӯҳбаланд гардида, бо шукургузорӣ аз ҳаёти осоиштаву имконоти мусоиди зиндагонӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдори баён намуданд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.