ВИКТОРИНА БАХШИДА БА РӮЗИ “ВНМО- ВАБОИ АСР” 0 4 Мубодила кардан Саннаи 1-12-2025 сол дар толори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Викторина бахшида ба рӯзи “ВНМО- вабои аср” аз тарафи кафедраи «Тибби оилавӣ» гузаронида шуд. Викторина бо роҳбарии омӯзгори калони кафедра Қурбонова Назира гузаронида шуд. Дар Викторина маърӯзаҳо аз тарафи омӯзгорон ва донишҷуён пешниҳод гардид, инчунин 2-кори амалӣ яке “Гирифтани хун аз варид” дар иҷрои донишҷӯи курси 4уми факултети кори табобатӣ гуруҳи 403 Нигораи Рустам ва малакаи дигар “Омода намудани маҳлули хлоромин” дар иҷрои донишҷӯи курси 4-уми факултети кори табобатӣ гуруҳи 403 Умедаи Давлат ба ҳозирин нишон доданд Мақсади асосии Викторина бори дигар дар байни донишҷӯёни факултети кори табобатӣ талқин намудан, дӯст доштани касби худ ва эҳтироми солимии ҳар як шахс инчунин маълумоти пурра пайдо намудан оиди бемории ВИЧ-СПИД мебошад. Бояд қайд намуд,ки бемории ВИЧ-СПИД яке аз бемориҳои хело хатарнок буда дар ҷамъият аз тарафи кормандони тиб барои пешгирии ин беморӣ якчанд барномаҳо амал мекунанд. Ҳамаи омӯзгорони кафедраи «Тибби оилавӣ» дар самти пешгири аз ин беморӣ дар дарсҳои худ истифода мекунанд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи мудири кафедра ба як қатор омӯзгорон ва донишҷӯён сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Саодат Икромзода Мудири кафедраи «Тибби оилавӣ» — и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Пеш 1 то 13 саҳифа Баъдӣ 0 4 Мубодила кардан