Тибқи нақша-чорабиниҳои методии кафедраи «Фанҳои дақиқ ва риёзӣ» дар таърихи рӯзи 28.11.2025 аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедра Олимзода Ганҷина дарси кушоди намунавӣ аз фаннӣ » Консепсияи табиатшиносии муосир » дар мавзӯи «Тафаккури илмӣ ва мақоми он дар ташаккули маданияти инсон» гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани дарс дар доираи иҷрои барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» роҳандозӣ шуда ба донишҷӯён як такони илмӣ дода шуд. Дар рафти дарс мо мушоҳида намудем, ки донишҷӯён ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошта аз пайдоиши материя то навгониҳои инноватсионии илмҳои дақиқ яъне технологияи илми муосири табиатшиносӣ бархурдор ҳастанд.
Дар дарс омӯзгор аз наворҳои видеодарсҳо ва аёниятҳои таълимӣ истифода бурда қисмати мустаҳкамкунии дарсро бо усулҳои нави таълим равнақ дод.
Дар дарси мазкур Абдураҳмонов Карим-сардори шуъбаи методӣ, Набиева Нодира-сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот ва як қатор омӯзгорони кафедра иштирок намуда фикрҳои худро барои бозҳам шавқовар гузаронидани чунин дарсҳо баён намуданд.