НАВРӮЗ – ПАЙДОИШ ВА МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН

0 1

«Наврӯз бо тамоми оинҳои ибратомӯзаш, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунад».                                               Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон буда, таърихи хеле кӯҳан дорад. Наврӯз ҳамчун ҷашни баҳору зебоӣ дар аҳди бостон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешуд. Тибқи таҳқиқотҳои анҷомёфта, Наврӯз дар замони яке аз шоҳони пешдодиён — шоҳ Ҷамшед пайдо гардида, суннату оинҳои ҷолиберо бо худ то имрӯз овардааст, ки ҷанбаи асосии онро ахлоқу маънавияти созанда ташкил медиҳад.

Наврӯз аз давраи пайдоиши худ миёни мардум ҳамчун иди баҳору зебоӣ, иди марди деҳқон ва иди мардуми кишоварз шинохта мешавад. Маъмулан, ҷашни Наврӯз аз 20-ум ба 21-уми март рост меояд. Мардум дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ онро бесаброна интизорӣ кашида, барои таҷлили он рӯзҳои зиёд омодагӣ мебинанд.

Воқеан, ҳамаи корҳое, ки мардум дар рӯзҳои омодагӣ ба истиқболи Наврӯз анҷом медиҳанд, хусусияти ободкориву созандагӣ доранд. Масалан, баъзеҳо дару деворҳоро сафед мекунанд, дигарон ба тоза кардани ҷӯйборҳо машғул мешаванд, занону духтарон курпаю болиштҳоро метаконанд. Ҳамаи ин амалҳо ба хотири он анҷом дода мешаванд, ки рӯзи нав — Наврӯз бо тозагӣ ва покизагӣ оғоз гардад. Фалсафаи Наврӯз хеле бой ва рангин буда, паҳлӯҳои гуногуни зиндагии инсонро фаро мегирад.

Бояд қайд кард, ки ҷашни Наврӯз аз пайдоиш то имрӯз марҳилаҳои гуногун ва баъзан вазнини таърихиро тай кардааст. Новобаста аз мушкилиҳо ва монеаҳои зиёд, Наврӯз мақом ва нуфузи худро ҳамчун ҷашни миллӣ нигоҳ дошт. Агар ба таърихи гузашта назар афканем, мебинем, ки мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз аз замони шоҳ Ҷамшед оғоз шуда, дар давраҳои Ҳахоманишиён, Сосониён ва баъдан дар замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид.

Дар ҳақиқат, дар тӯли таърих мушкилоту монеаҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки ба ин ҷашни миллии тоҷикон таъсир расониданд. На танҳо Наврӯз, балки бисёре аз суннату оинҳо, расму русум ва ҷашнҳои миллии мо, ки аз ниёгон ба мо мерос мондаанд, дар баъзе давраҳо қисман манъ гардида ё ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд.

Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар садаи XXI — ин ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо шарофати истиқлолият суннату оинҳо ва ҷашнҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карданд.

Набояд фаромӯш кард, ки рӯй овардан ба таърихи кӯҳан ва эҳёи арзишҳои миллии ниёгон маҳз аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд:

«Дастовардҳои моддию маънавии миллати тоҷик бояд ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд, то нақши тамаддунофарии миллати тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад».

Ин андешаи Пешвои миллат ба маврид буда, ҷойгоҳи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати дорои фарҳанг ва тамаддуни қадимӣ муайян мекунад.

Пешвои миллат дар асарҳои гаронбаҳои худ — «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ андешаҳои арзишманд баён намудаанд. Маҳз заҳмату талошҳои ин шахсияти ватандӯсту маърифатпарвар буд, ки номи тоҷик ва Тоҷикистони маҳбуби мо дар миёни кишварҳои ҷаҳон бештар шинохта гардид.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки:

«Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ҷашнҳои таърихӣ ва миллии тоҷикон мебошанд ва бо суннату оинҳои созандаашон дар тамаддуни башарӣ нақши арзишманд гузоштаанд».

Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ниёгони фарҳангофари мо чунин мероси гаронмояро ба наслҳои имрӯза ба ёдгор гузоштаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ворисони воқеии ин мерос бошем ва онро ҳифз намоем.

Боиси хушнудист, ки бо вуҷуди монеаҳои гуногун, Наврӯз — ҷашни бедории табиат ва ҷашни ободкориву созандагӣ — дар давраи истиқлолият бо рангу ҷилои нав эҳё гардид. Ба қавли ҳаким Умари Хайём:

«Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн гирад ва ба хуррамӣ пайвандад, то ба Наврӯзи дигар умр ба шодӣ гузаронад».

Дар давраи истиқлолияти кишвар ин ҷашни бостонӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, зеро Наврӯз ҳамчун мероси муқаддаси аҷдодӣ бо рӯҳу ҷон ва зиндагии мардум пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашни фархунда ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Наврӯз ба инсонҳо рӯҳу равони тоза бахшида, онҳоро ба ояндаи нек, зиндагии обод ва пешрафту созандагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Ба андешаи Сарвари давлат:

«Тамоми оинҳои ибратомӯзи Наврӯз, ки сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди худогоҳ чун манбаи умеду ормонҳои наҷиб хизмат мекунанд».

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдилӣ ва сулҳу оромӣ ниёз дорад. Дар чунин шароит Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории халқҳо моро ба зиндагии осоишта раҳнамоӣ мекунад.

Мо мардуми шарафманди тоҷик имрӯз ифтихор дорем, ки баъд аз қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2010 Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар ин қатънома таъкид шудааст, ки Наврӯз вожаи тоҷикӣ буда, маънои луғавии он «Рӯзи нав» мебошад.

Ин рӯйдоди таърихӣ барои миллати тоҷик арзиши бузург дорад, зеро миллати тоҷик аз қадим соҳиби фарҳанг, суннату оин ва ҷашнҳои миллӣ буда, ин мероси ғании ниёгонро дар оянда низ ҳифз ва ташаккул хоҳад дод.

Бо ин ҳама дастовардҳо мо бояд аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арҷгузорӣ намоем. Маҳз бо талошҳои ин шахсияти ватандӯст имрӯз номи тоҷик ва Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун миллате бо таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бостонӣ муаррифӣ гардидааст.

Абдураҳмонов К.Ҷ.

Омӯзгори МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.