МОДАР ФАРИШТАТАР ЗИ ТАМОМИ ФАРИШТАҲОСТ

0 2

Санаи 07.03.2026 аз тарафи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон таҳти унвони «Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост» баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз», н.и.т. Назарзода Ҷумахон Шамс, нозири калони ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, майори милитсия Бобохонзода Ситора, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳайдарзода Назира, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим ва мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок доштанд.

Директори муассиса, н.и.т. муҳтарам Назарзода Ҷумахон Шамс бо табрикоти самимӣ ва таманиёти саодати рӯзгор ва фаъолияти пурсамар сухани ифтитоҳиро оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи модарон ва бонувони кишвар боварии комил доранд ва мақому манзалати занро дар идоракунии давлатӣ сол то сол баланд мебардоранд.

Воқеан имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки занону модарони тоҷик дар арсаи меҳнат дар баробари мардон фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳайдарзода Назира низ занони пурҳунар ва воломақоми тоҷикро ба муносибати Рӯзи модарон табрик намуда, иброз доштанд, ки нақши зан-модар дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар ниҳоди фарзандон басо муҳим мебошад. Ҳамчунин, дар суханронии худ ба масъалаи пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоии муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим ҳамаи модарони тоҷикро ба муносибати Рӯзи фархундаашон табрик намуда, таъкид карданд, ки модарон паноҳгоҳи эътимодноки фарзандон буда, дар ҳар лаҳза бо меҳру муҳаббати беандоза фарзандони худро ҳифз ва роҳнамоӣ мекунанд.

Аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» меҳмонони иштирокдошта ва қисмате аз бонувони фаъоли муассиса бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ситоиши модар, сурудҳо дар васфи модар, рақсу бозӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён анҷом ёфт.

МАЪМУРИЯТИ МУАССИСА

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.