МАВҚЕИ КАЛИДИИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР

0 7

Соҳаи маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалятдоштаи ҷомеаи муосири Тоҷикистон, зери таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ боқӣ хоҳад монд

 

Аз Паёми Пешвои миллат, ба Маҷлисӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 28.12.2024с.

 

Дар урфият сухани пандомезе ҳаст, ки «Агар миллат солим бошад, давлат устувор аст» ва «Агар миллат соҳиби донишу маърифати баланд аст, таваҷҷӯҳ ҷалб мекунад».

Дар ҳақиқат, дар ҳама давру замон, нафаре, ки соҳиби донишу савод аст, мақом ва ҷойгоҳи муайяни худро дар ҷомеа пайдо мекунад. Агар давлатеро, ки миллаташ соҳиби донишу маърифати баланд бошад, онро дигар кишварҳо эътироф ва эҳтиром мегузоранд.

Дар замони муосир, марҳилаи ҷаҳду талошҳои кишварҳои мухталиф барои мустаҳкам кардани  мавқеи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ, мақоми илму дониш ва маърифати баланди инсонҳо эътибори бештар пайдо мекунанд. Дар  воқеъ, шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар ин марҳила ҳамон давлате муваффақ мебошад, ки агар миллаташ, сатҳи баланди донишу маърифатро дастрасӣ дошта бошад. Ин андеша мазмуни хеле васеъро инъикос мекунад.

Чуноне, ки Пешвои миллат, ҳамеша таъкид месозанд «Мо бояд барои соҳиби маърифати баланд гардонидани мардуми кишвар, аз ҳама имкониятҳои ҷойдошта истифода барем».

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ, фазои ором, суботи комил, соҳаи маориф ва тандурустии ҷумҳурӣ сол аз сол рушд мекунад. Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон, соҳаи маориф ва тандурустӣ, аз таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ афзалияти бештарро соҳиб мешаванд. Аз ҷумла бо мақсади рушду тақвияти соҳаҳои мазкур, давлату Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ  намуда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас комёб мегардад.

Хусусан тибқи оморҳои пешниҳод шуда дар соҳаи маорифу тандурустӣ таъғйиротҳое ба вуҷуд омаданд, ки рушди ин соҳаро тезониданд. То оғози соли 2025 дар соҳаи маориф (ҳамаи зинаҳои таҳсилот) шумораи мактабҳо, литсей, гимназияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчучин шумораи муассилин дар ҳама зинаҳои таҳсилот афзоиш ёфтаанд. Дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлолияти кишвар, шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 4037 — адад, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ то 48 — адад, шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то 88 — адад афзоиш ёфтанд. Ин дастовардҳои соҳа аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, бахусус сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, ба даст омаданд.

Бояд қайд кард ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии кишвар низ хеле рушд ёфта ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Хусусан дар ин солҳо ба ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда, 3076 — адад муассисаҳои нави тиббӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд, ки барои рушди ин соҳа заминаҳои мусоидро фароҳам оварда, фаъолияти соҳаро хеле инкишоф дод.

Дар ҳақиқат, агар мо ба фаъолияти ин соҳаҳо, се даҳсола пеш назар кунем, маълум мешавад ки соҳаҳои мазкур ба куллӣ тағйир ёфта, дастовардҳои ин соҳа назаррас мебошанд. Инчунин шароит ва сифати хизматрасониҳо беҳтар мешаванд.

Чуноне, ки Пешвои миллат, зимни ироаи Паём иброз доштанд. «Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».

Бо ин хотир масъулини соҳаи маориф бештар барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон, ворид намудани технологяҳои рақамӣ дар раванди таълим саъю талош намоянд.

Бояд зикр кард, ки соҳаи тандурустии кишвар сол аз сол рушд ёфта, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба шаҳрвандон беҳтар мегардад. Хусусан дар асоси тадбирҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, мутобиқ ба технологияҳои нав, дар муассисаҳои тиббӣ, ташхис ва табобати беморон ба маротиб осон ва самаранок мегардад.

Бахусус Пешвои миллат таъкид намудаанд «Яке аз вазифаҳои муҳими масъулини соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи имрӯза, аз тайёр ва омода кардани мутахассисони савияи баланди дониш дошта ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони соҳибкасб, инчунин рақобапазир будани онҳо дар бозори меҳнат иборат аст».

Рисолати аслии маорифчиён дар замони муосир тавонбахшии рӯҳу равони инсон ва рисолати табибон бошад марҳам бахшидан ба ҷисму ҷони инсон аст. Воқеан, омӯзгор ва табиб он ашхосе ҳастанд, ки дар ҳама давру замон дар ҷомеа, ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамасола баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла дар паёми навбатӣ қайд карда шуд, ки маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат – асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Нишони масъулиятшиносии ҳар яки мо кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошад, ки аз ғамхориҳои сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд бошем ва барои боз ҳам ободу зебо гаштани ватани биҳиштосоямон ва пешрафти он саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

д.и.т. Зубайдулло Азиззода

Директори МДТ –и “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.