МОДАР – САРЧАШМАИ ҲАЁТ 0 5 Мубодила кардан Зери ин унвон санаи 20 феврали соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз», бо ибтикор ва корбарии кафедраи «Кори ҳамширагӣ» ҳамоиши фарҳангӣ, бахшида ба “Рӯзи модар” доир карда шуд, ки дар он роҳбарияти муасиса, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Тибқи барномаи ҳамоиш омӯзгорон дар васфи модар маърӯзаҳо ироа намуда, донишҷӯён шеъру тарона хонданд ва бузургии модар ва мақому манзалати ӯро дар тарбияи фарзанд ситоиш ва баланд арзёбӣ намуданд. Дар чорабинӣ бо мақсади таблиғи анъанаҳои миллӣ либосҳои миллии тоҷикона барои иштирокчиён намоиш дода шуд. Сарвиноз Аҳтамова Мудири кафедраи «Кори ҳамширагӣ» Пеш 1 то 25 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан