ҲАМОИШИ ИДОНА, БАХШИДА 32 ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 8

Санаи 20 уми феврали соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҳамоиши идона доир ба мавзӯи “Садоқат ба Ватан-омили муҳими худшиносии миллӣ” бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш собиқадорони хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи “Ордени шараф дараҷаи 1-ум” Сафаралӣ Бозорзода, Раиси иттиҳоди Интернатсионалистони собиқадори шаҳр ва минтақаи Кӯлоб Исмоилов Сайфулло Асоевич, иштирок доштанд. Чорабинии идона бо садо додани Суруди Миллӣ ва сухани ифтитоҳии директори муассиса, доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз гардид. Азиззода З.А. меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро бахшида ба ин рӯзи фирӯз табрик намуда, чунин иброз намуд, ки ҳамасола санаи 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки Артиши Миллӣ ҷузъи асосии ҳар як давлати соҳибистиқлол мебошад, ки имрӯзҳо он вазифаи пурсадоқати худ яъне ҳифзи марзу буми ватани мо ва сулҳу амониро чун сипар нигаҳбон аст. Хизмат дар сафи Артиши Миллӣ барои ҷавонон вазифаи бузург ба шумор рафта, меҳру муҳаббати ватандориро дар дили онҳо боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

Сипас Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи “Ордени шараф дараҷаи 1-ум” Сафаралӣ Бозорзода суханронӣ намуда, аз ҷумла тазакур дод, ки имрӯз ҳифзи ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон-ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Имрӯз мардуми кишвар мутмаинанд, ки Артиши Миллӣ ба пуррагӣ қобил аст, ки марзу буми кишвар ва истиқлолияи Тоҷикистонро ҳифз менамояд. Ӯ аз таҷрибаи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун мактаби мардонагӣ барои ибрат ба ҷавонон нақл намуд.

Раиси иттиҳоди Интернатсионалистону собиқадорони шаҳр ва минтақаи Кӯлоб Исмоилов Сайфулло зимни суханронӣ қайд намуд, ки воқеан Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифр оғоз гардида имрӯз он ба як нерӯи хеле бузург аз ҷиҳати таъмини техника ва силоҳи ҳарбӣ ва афсарони пуртаҷриба таъмин мебошад. 18 декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши Миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон барои саҳмгузорӣ дар тарбияи ҷавонон ва ғолибони мусобиқаи варзишии волейбол байни факултетҳои муасиса ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Чорабиниро барномаи фарҳангии аз тарафи донишҷӯён ташкилгардида ҳусни анҷом бахшид.

Убайдуллои Рустам.

Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.