Пешрафту пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Аз Паёми Пешвои Миллат ба Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-12-2024
Мактабу маориф ва илму дониш дар ҳар як марҳилаи таърихӣ омили муҳим ва асоси пешрафти давлату ҷомеаро таъмин мекард ва ин раванд дар замони муосир низ идома меёбад.
Дар воқеъ ҳар он давлате, ки ба соҳаи мактабу маориф таваҷӯҳ дорад, дар ҳама самтҳо муваффақ мебошад. Дар он кишварҳое, ки соҳаи маориф ва илму дониш рушд ёфтааст, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии ин кишварҳо хеле мусоид мебошад.
Чуноне, ки таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд давлатҳое, ки илму дониш дар онҳо боло рафта, сатҳи маърифати шаҳрвандонаш таъмин аст, дар ин давлатҳо суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоияшон назар расанд. Ба хусус дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳар як давлат барои мавқеи устувор дар сатҳи байналмилали талош мекунад ва ин раванд то рафт вусъат меёбад.
Мактабу маориф, илму дониш ва сатҳи баланди маърифатнокии шаҳрвандон дар замони муосир зери таваҷҷӯҳи бештар қарор мегирад. Чунки талаботҳои имрӯз ба соҳаи мазкур афзоиш меёбад.