НАВРӮЗ-НУСРАТНОМАИ ПОЯНДАГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

0 4

Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад.

                                            Эмомалӣ Раҳмон

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Савти ғул-ғулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Оре, боз ҳавои атромези Наврӯз дунёро муаттар месозад. Боз Наврӯзи фархундаву фирӯз ба сарзамини офтобии мо қадам ранҷа мекунад. Боз рӯзи наву соли наву замони нав бо шукуҳу иқболи нав оғоз мегардад. Аз нафаси тозаи Наврӯз ҳама мавҷудоти рӯйи олам димоғ муаттар месозанд. Дарахтон ғарқи гул мешаванд, сабзаҳо аз замин сар мекашанд ва атрофу акнофро накҳати баҳорӣ фаро мегирад. Наврӯзи ҷаҳонафрӯз замину замонро ба ҳукми хеш медарорад. Мардуми тоҷик, аввалин шуда Наврӯзро шинохтаанд, бо як ҷаҳон суруру шодмонӣ Наврӯзро, ки ҷашни аҷдодӣ аст, хуррамона таҷлил мекунанд.

Наврӯзи мо таърихи шашҳазорсола дорад ва як достони бузург аст. Наврӯз ағози сол аст. Рӯзи наву соли нав. Наврӯз шоҳкитоби худшиносиву худогоҳии мост. Наврӯз муждаи фирӯзӣ ва фатҳу нусратҳои мардуми мост. Наврӯз оини меҳру вафо ва нуру сафост. Наврӯз ҳалқаест, ки имрӯзу фардои моро ба гузашта мепайвандад.

Дар ҳар давру замон мардуми мо Наврӯзро мепарастиданд ва ҷашн мегирифтанд. Замоне, ки душманони аҷнабӣ бар сари миллати мо кулфату ғам ва азобу шиканҷа оварда буданд, боз ҳам дар лаби ин мардуми азияткашида таронаи Наврӯз буд. Таърихи миллати мо гувоҳӣ он аст, ки ҳамеша, дар кадом шароите набошад ҳам, мо бо Наврӯз нафас мегирифтем, дӯст медоштем, Худову Расулро мепарастидем, бинобар ҳамин ҳам Наврӯз — нусратномаи пояндагии мост ва то имрӯз бо мост.

Наврӯз иди аҷдодии мо – миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни ориёӣ-тоҷикон аст, ки аз умқи асрҳо ҳанӯз аз замони Ҷамшеди Вюнгаҳон ҷашн гирифта мешавад. Чуноне, ки Шакибии Исфаҳонӣ гуфтааст:

Ойинаи беҳрӯзӣ бувад ойини Наврӯзи Аҷам,

Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз давраи Ҷамшеди Ҷам.

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, ишқу муҳаббат, покиву назофат, дӯстию рафоқат, ки дар худ ин ҳарфҳоро, яъне пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори некро ҷовидонӣ таҷассум кардааст.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолият Ҷумҳури Тоҷикистон ин ҷашн тавлиди дигар ёфт ва гузашта аз ин, мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард. Мардум аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ифтихор мекунанд. Дар яке аз баромадҳояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошта буд: «Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи офариниши ҳаёт ва эҳёи табиат буда, барои мо тоҷикон, азизу муқаддас ва бисёр гиромӣ мебошад, зеро сарнавишти фарҳанг ва ойинҳои ориёии мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои наврӯзӣ ва густариши онҳо пайванди қавӣ доранд».

Имрӯзҳо дар сарзамини бостонии мо Наврӯз қадам ранҷа мекунад ва таҷлили он рӯз то рӯз бошукуҳтар мешавад. Мардуми мо ба Наврӯз эҳтироми зиёд доранд ва ин анъана эҳё шудаасту таровати зебое дорад.

Ҷашни Наврӯз беҳтарин ҷашни мардуми мо буд ва ҳаст. Наврӯз кохи бегазанди маърифат, таҷассуми хиради ин мардум аст.

Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад.

Бобошоева Ҳавасмоҳ

Омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.