ВОХУРӢ БО КОРМАНДОНИ ШӮЪБАИ КОР БО НОБОЛИҒОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

0 1

Саннаи 18.11.2025 дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» вохурӣ бо кормандони Шуъбаи Вазорати Корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб нозири калони шӯъбаи кор бо ноболиғони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Мустафои Рустам, нозири шуъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Юсуфзода Дилшод, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, декани факултети кори ҳамширагӣ (синфи 9)-Боева Умеда ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар вохурӣ нозири калони шӯъбаи кор бо ноболиғони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Мустафои Рустам баромад намуда қайд намуданд, ки донишҷӯён мақсади асосии шумо сари вақт ба дарсҳо иштирок намудан, бо сару либоси намунавӣ ба дарс омадан, бо худ наовардани телефонҳои мобилӣ, сатру ҳиҷоб накардан дар дохили шаҳр ва гирду атрофии муассиса ва бо интизоми намунави дар дасҳо иштирок намудан мебошад. Кӯшиш намоед, ки сари вақт дарсҳои худро хонда санҷишҳои фосилавии худро бо баҳоҳои хубу аъло гирифта тавонед. Нозири шуъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Юсуфзода Дилшод иброз доштанд, ки Шумо бояд ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани қадру манзалати зан ва духтар дар ҷомеа инчунин дар асоси дастуру ҳидоятҳо ва ғамхориҳои роҳбарияти муассиса арҷгузорӣ намоед.

Дар фарҷоми вохурӣ таъкид карда шуд, ки донишҷӯён бо амалҳои номатлуби ҷомеа даст назананд ва ба гуруҳҳои ифроти шомил нашаванд чун, ки ояндаи ҳар яки онҳо дар дасти худи шумост. Шумо ҷавонон ояндасозӣ давлату миллати тоҷик ҳастед, ва Тоҷикистони биҳиштосои мо дар дасти шумост.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.