НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШРАФТИ ҶАВОНОН

0 1

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, нуқтаи оғози давраи нави таърихи миллати тоҷик ва эҳёи умеди мардум ба зиндагии осуда буд. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб шуданд ва ин лаҳза дар таърихи Тоҷикистон гардиши муҳим гардид, зеро кишвар ба шахсяти ғамхору фидокор ниёз дошт, то ки сулҳ ва оромиро барқарор созад, миллатро муттаҳид намояд ва ҷараёни давлатдориро ба роҳи дуруст баргардонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Раҳмон тавонист бо иродаи қавии худ Тоҷикистонро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот диҳад.

Мо миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Раҳмон пеш аз сари қудрат омадани худ дар минбари баланд баромада иброз доштанд, ки — «Ман ба хотири сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ намедорам!»

Ва баҳри ҳимояи ҳар як порча замини миллати худ талош менамоям, кӯшиш менамоям, ки дӯстиву бародарӣ бо давлатҳои абарқудрат намоям. Ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки миллати тоҷик пароканда бошад.

Хушбахтона, сарвари давлат сулҳу ваҳдатро барқарор намуд ва имрӯз миллати тоҷикро дар ҷаҳон мешиносанду парчами Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои олам парафшон аст.

Мавриди тазаккур аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо ифтихор аз он иҷлосияи таърихӣ ёд мекунанд, зеро маҳз он заминаи зиндагии осуда, таҳсил, меҳнат ва пешрафти онҳоро фароҳам овард. Сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат — идомаи мантиқии он иҷлосияи таърихист, ки ояндаи дурахшони ҷавонони Тоҷикистонро таъмин намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд.

Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, ҷавонони тоҷик имрӯз ба як нерӯи бузурги созанда ва ватандӯст табдил ёфтаанд.

Ҳамасола бо ташаббуси Пешвои миллат чорабиниҳои зиёди ҷавонон баргузор мешаванд:

– Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», баргузор гардида истодааст, ки ин ҳама аз самари сулҳу ваҳдат шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки ин ҳама нишонаи он аст, ки Пешвои миллат ба ҷавонон на танҳо ҳамчун ояндаи кишвар, балки ҳамчун такягоҳи асосии давлат менигаранд.

Хулоса, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ ва пойдории истиқлолияти миллӣ буд. Он заминаи устувори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гадид ва Тоҷикистонро ба сӯи давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд раҳнамоӣ намуд.

Имрӯз, мо миллати тоҷик бо ифтихор мегӯем, ки зери роҳбарии чунин Пешвои хирадманд ба ояндаи дурахшон қадам мегузорем.

Нусратулло Обиддинов

эдвайзери факултети «Кори момоӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шањри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.