ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- РОҲНАМО ДАР СОҲАИ МАОРИФ

0 3

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади расмӣ ва муҳимми барномавӣ арзёбӣ гардида, дар низоми сиёсии давлатдории миллӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва қутбнамои рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад.

 Маъмулан дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат дастоварду комёбиҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таҳлилу баррасӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда мушаххас мегарданд. Ин санадҳои тақдирсози миллати тоҷик аз лиҳози муҳимияти иҷтимоиву сиёсӣ дар таърихи наву навтарини давлатдории миллиамон тавъам бо воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ироа гардидаанд. Агар ба моҳият ва рисолати таърихии Паёмҳои Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат – Пешвои муаззами миллат назар афканем, возеҳу равшан дармеёбем, ки ҳамагӣ пайғому нусратҳои тоза, ташаббусҳои беназири созандагиву бунёдкориҳо, тантанаи хираду адолат, дўстию рафоқат ва некию накукориҳо, инсонгароӣ буданду ҳастанд ва минбаъд низ хоҳанд буд.

 Пешвои миллат бори дигар хотирнишон карданд, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

 Дар ин замина Сарвари давлат иброз намуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Дар Паём омадааст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин замина боз дастур доданд, ки маоши вазифавии кормандони соҳаҳои мухталиф зиёд карда шавад.

Вобаста ба самти маориф ва илм Пешвои миллат таъкид карданд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем”. Бале, сиёсати давлатии илму маориф дар амалия ба қабули чандин барномаи дурнамои густариш ва равнақи илму маориф асос ёфтааст. Тибқи маълумоте, ки Пешвои миллат дар Паём зикр карданд, танҳо дар соҳаи маорифи кишвар ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат, ҳамчунин, 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Супориши дигари қатъӣ то охири соли 2025 пурра таъмин кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар кишварҳои пешрафта нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад. Сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ин нишондиҳанда тақрибан 22,0 фоизро ташкил медиҳад бояд дар ин самт корҳои заруриро ба анҷом расонанд.

 Пурра ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар истифодаи васеи технологияҳои рақамиро талаб менамояд. Ба ин гурӯҳ асосан технологияҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ, роботоникунонӣ, биометрия, низомҳои тақсимкунандаю роёнишҳои абрӣ (cloud computing) ворид мешавад.

 Таъмини иҷрои ин супориш ба рушди мутавозун ва устувори иқтисодӣ мусоидат намуда барои афзун намудани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад.

Нақши калидӣ доштани соҳаҳои илму маориф дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки аз Паём низ бармеояд, бори дигар собит месозад, ки ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва дуруст ба роҳ мондани барномаҳои таълимӣ дар тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланд ва соҳибихтисос равона шудааст. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт дар муассисаҳои таълимӣ танҳо омӯзгорони баландихтисос метавонанд, ки кадрҳои замонавиро тарбия намуда, ҷаҳонбинии ҷавононро ташаккул диҳанд ва онҳоро бо арзишҳои умумибашарӣ ошно намоянд. Чунин ҷавонон барои дарк кардани моҳияти демократия, самаранок истифода бурдани шаклу воситаҳои мухталифи идеявӣ ва сиёсӣ, баровардани хулосаҳои амиқи судбахш аз вазъияти баамаломада, иштироки фаъолона дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, омӯхтани технологияи замонавӣ дар асри инқилоби илмӣ-техникӣ омода мешаванд.

ЛАТИПОВ САФАРАЛӢ ШЕРАЛИЕВИЧ

Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.