Дар рафти гузаронидани аксия бо маъмурият ва омӯзгорон нишони сарисинагӣ бо унвони Пешвои миллат ва бо навиштаҷоти «Тоҷикистон бо пешвои миллат ба пеш!» тақдим карда шуданд, ки он рамзи сулҳу ороми ва бардавомии кишвари ободу озоди тоҷикон мебошад.
Чунин иқдомҳо бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҳайъати маъмурият ва омӯзгорони муассиса роҳандозӣ мегардад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонамон дар арсаи ҷаҳонӣ муарифи гардидааст, ин ҳам заҳматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат мебошад. Ин рӯзи муборакро бояд хотирмон қадрдонӣ намоем. Маҳз бо иродаии қавии Пешвои миллат дар давраи талошуби тақдирсоз миллати тоҷикро ба сӯи сулҳу суббот роҳнамоӣ намуд.