ТАЪСИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ВОРИСОНИ СИНО” 0 4 Мубодила кардан Санаи 12.11.2025 дар толори маҷлисгоҳи МДТ-и “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб баноми Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” конференсияи муассисони КИ ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” баргузор гардид. Дар кори конфересия директори муассиса н.и.т. Назарзода Ҷ.Ш., раиси КИ ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Салим Сайвализода, Узви райёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Бозорзода С. иштирок доштанд.Инчунин дар кори конференсия вакилон аз КИ ибтидоӣ ҳизбии “Ворисони Сино” ва ВАО дар рафти кори конференсия иштирок намуданд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳи директори муассисаи таълимӣ Назарзода Ҷумахон Шамс кушода, ба ҳайати иштирокдорони кори конференсия бурдбориҳо хоста, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки дар асосӣ дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҲХДТ ва талаботҳои боби 4 ва банди 30 оинномаи ҳизб моро зарур аст, ки дар заминаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” дар муассиса КИ ибтидоии ҳизбиро таъсис диҳем. Раиси КИ ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Салим Сайвализода ба сухан баромада вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Ворисони Сино” ва саҳми онҳо дар амали кардани нақша ва барномаҳои ҲХДТ гуфта гузашт.Ӯ коллективи муассисаро барои таъсисёбии КИ ибтидоии ҳизби дар назди муассисаи таълимӣ табрику таҳният гуфт, ва дар фаъолияти ояндаи КИ ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” комёбиҳо орзу кард. Дар рафти кори конференсия оид ба масъалаҳои дигари рузномаи ҷаласа аз тарафи раёсати кори конференсия инчунин аҳли нишасти маҷлис суханрониҳо карда шуд. Дар қисмати охири кори конференсия як гурӯҳ вакилон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” барои фаъолияти пурсамар дар тадбиқи ҳадафҳои ҳизби аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдони шудаанд. КИ ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 14 саҳифа Баъдӣ 0 4 Мубодила кардан