Модар фариштаест, дар самои зиндагии ҳар яки мо, ки бо симои нуронию суханони шакаринаш умри моро равшантару зеботар мегарданад. Модар сипару зиндагиофар ва равшангари дунёи пур аз меҳру муҳаббати фарзандон аст. Бо чунин тасвирҳои зебою рангин санаи 7 марти соли 2025 дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бахшида ба 8 март «Рӯзи модар» зери унвони «Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост» чорабинии фарҳангӣ баргузора гардид.
Дар чорабинӣ директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубадулло Абдулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ Искандар, ходими сиёсӣ-ҷамъяитӣ Валиева Саъбагул ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ Искандар ба сухан баромада, табрикоти самимии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба бонувони муассиса расонида, қайд доштанд, ки: Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро бар дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Дар идома директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубадулло Абдулло дар суханронияш иброз доштанд, ки: Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши табибзанони коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар ҳифзу нигаҳдории солии ҷомеа, тарбияи мутахассисони миёнаи тиб, тарбияи насли наврас ва тарѓиби арзишҳои миллию фарҳангӣ баѓоят бузург аст. Омӯзгорзанони коллеҷ ин рисолати шаҳрвандии худро то имрӯз бе нуқсон анҷом дода, минбаъд низ барои ояндаи дурахшони кишвар бо завқи баланд анҷом хоҳанд дод.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Абдураҳмонова Г.Н. раиси Шӯрои занон ва духтарони коллеҷ суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки модар азизтарин шахсест дар олами ҳастӣ. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Такя бар вуҷуди инсонофарини модар, такя бар Яздони пок аст. Модар – ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад.
Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.