МАСОИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ТАҲСИЛОТИ ЗАНОН 0 5 Мубодила кардан Баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занони Тоҷикистон тавсеа ва такмили тадбирҳои маҷмӯӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи фарогирии духтарон бо таҳсилоти миёна ва касбӣ, аз ҷумла аҳолии деҳот ё но ҳияҳои дурдаст, инчунин хонаводаҳои камбизоат. — баланд бардоштан ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани сифати таҳсилот. Ҳадаф аз гирифтани дониш ва малакаҳои мавриди ниёзи бозори меҳнат иборат мебошад, ки барои ҳаёти ҷамъиятӣ ва хонаводагӣ зарур аст; — мусоидат ба дигаргунсозии дастурҳои иҷтимоӣ, дарки арзиш ва тарзи рафтор дар самти таъмини имкониятҳои баробарии гендерӣ. Ҷанбаҳои қавӣ маҷмӯи санадҳои барномавӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон ва мардони ҷумҳурӣ, аз ҷумла марбут ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои системаи маориф таҳия гардидааст; шумораи духтароне, ки барои гирифтани та ҳсилоти олӣ кӯшиш менамоянд, афзуда, онҳо таҳсилро ҳамчун кафолати устувори иқтисодӣ ва тақозои бозори меҳнат дарк менамоянд; «Квотаи президентӣ» барои духтарони минтақаҳои дурдаст таҳия ва татбиқ мегардад, ки барои гирифтани маълумоти олӣ имконият медиҳад. — дар системаи маориф ислоҳот ољоз шудааст, ки ба ҳамгироии васеъ ба системаи ҷаҳонии таҳсилот нигаронида шуда, дар доираи он тартиби маблаљгузорӣ низ таљйир меёбад. Дар заминаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми доимоамалкунандаи таълими занони сарвар, ки дар сохторҳои идораи давлатӣ кор мекунанд, ташкил карда шудааст; — ба барномаҳои системаи таҳсилоти олӣ Асосҳои демография ва сиёсати гендерӣ ба сифати фанни ҳатмӣ ворид карда шудааст; Маъмулан ақидае ҳукмфармост, ки барои писарбачаҳо бояд маблаљи бештар сарф карда шавад, зеро ояндаи духтарҳо — оила, хона, хоҷагидорӣ ва фарзанд асту бас. Духтарон аз хурдсолӣ дар ҳамин рӯҳия тарбия карда мешаванд. Бинобар ин онҳо худашон низ барои дарёфти таҳсил чандон ташаббус зоҳир намекунанд, маблаљгузории ҷайрикофии соҳаи маориф, ки дар мушкилоти марбут ба инфрасохтори мактабӣ, таъмин бо кадрҳои соҳибихтисос зоҳир мегардад. Паст будани фаъолнокии занон дар ҳаёти сиёсӣ ва бозори меҳнат, аз ҷумла вобаста ба сатҳи нисбатан пасти таҳсилоти онҳо; — масрафи зиёди нерӯи ҷисмонӣ ва вақти занон барои иҷрои корҳои хонавода. Ба дӯши занон ҳиссаи асосии иҷрои корҳои хонаводагӣ вогузошта шудааст, аз ин рӯ онҳо барои омӯзиш, баланд бардоштани тахассус ва худомӯзӣ вақти кофӣ надоранд; — нокифоя будани интишори мавод дар ВАО оид ба мушкилот ва монеа ҳо ҷиҳати иштироки занон дар ҷараёни таҳсил. Таъсиси марказҳо оид ба омӯзиши баробарии гендерӣ, аз ҷумла дар ҷараёни таҳсил дар ҷумҳурй; таҳияи Стратегияи мусоидат ба таҳсилоти духтарон, такмили сохтори баланд бардоштани сатҳи тахассус ва дониши гендерии муаллимони мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олӣ. Татбиқи амалияи истифодаи индикаторҳои аз ҷиҳати гендерӣ ҳассосибаҳогузорӣ ба рушди системаи маориф. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти занон, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати духтарон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш занон ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд» Дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2023 махсусан қайд карда шудааст, ки «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад» Ҳамин тариқ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тӯли се сол мешавад, ки дар кишвар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи милливу байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки ҳадаф аз роҳандозии онҳо «…тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии духтарон, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад» Аллакай гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»; озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат»; озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман»; озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бисёр ғолибони барҷастаро ба майдони илму дониш ворид намуд. Бояд қайд намуд, ки оид ба баргузории ҳар як озмун, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар маблағҳои хеле калон ҷудо карда шудааст. Барои мисол мо метавонем озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» — ро мисол оварем, ки барои баргузории он дар соли 2023 «…1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ», ба таври нақд ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, ҷолиби қайд аст таъкид бояд кард, ки дар 35 соли соҳибистиқлолии давлатамон 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, дар ҳоле, ки дар 70 соли давраи абарқудрати Шӯравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав — литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бошад 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 42 расонида шуд. Ҳамаи арқоми дар боло оварда шуда бори дигар собит месозад, ки масъалаи рушди маориф дар маркази таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта пайваста чорабиниҳои зиёде мавриди баррасӣ ва татбиқ қарор доранд. Одинаева Гулнора. Омӯзгори кафедраи “Кори ҳамширагӣ» 0 5 Мубодила кардан