Тибқи нақша-чорабиниҳои методии кафедраи “Анатомия ва физиологияи эътидолӣ” дар санаи 04.12.2025 аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедра Раҳимова Мавзуна дарси кушоди намунавӣ аз фанни “Гистология” дар мавзӯи “Системаи бофтаҳо” гузаронида шуд.
Мақсад ва гузаронидани дарс ин баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷуён, бедор кардани шавқу ҳаваси онҳо ба касби интихобшудаашон мебошад.
Дар дарс омӯзгор аз видеонаворҳо ва презентатсияҳо истифода бурда, қисмати мустаҳкамкунии дарсро бо усулҳои нави таълим равнақ дод.
Дар дарси номбурда сардори идоракунии бахши сифати таҳсилот-Набиева Нодира, сардори шуъбаи илмӣ-методӣ-Абдураҳмонов Карим ва як қатор омӯзгорони кафедра иштирок намуда, ба дарс баҳои баланд доданд.