ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ ДАР ШӮРОИ ОЛИМОН

0 15

Санаи 3 юми январи соли 2025 дар Шӯрои олимони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар ҷаласаи мазкур зиёда аз 150 нафар ҳайати омӯзгорони коллеҷ иштирок доштанд. Доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат саравал директори коллеҷ д.и.т., Азиззода З.А. суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.

Вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф ва тандурустӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат ҳамасола мақоми хосса дорад. Аз ҷумла дар Паём қайд карда шуд, ки дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар баробари боло бурдани маоши вазифавии кормандони дигар соҳаҳо аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат – асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Дар Паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои амалишавии чаҳор ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мавриди таҳлил қарор дода шуд, ки дар ин самтҳо Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас аллакай ноил гаштааст.

         Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.

Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.

Ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг супориш дода шуд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, даҳҳо беморхона ва дигар муассисаҳои тиббиро, ки 70 – 80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудем. Умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд.

Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.

Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон чун солҳои пешина ба сиёсати ҷавонон диққати ҷиддӣ доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.

Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид намуданд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.

Дар сиёсати давлатӣ мавқеи занон ва дастгирии нақши онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар аҳамияти баланд дода мешавад. Дар ин бобат Пешвои миллат аз ҷумла иброз доштанд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.

Иброз карда шуд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.

Соли 2024 Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намуда буданд. Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён карданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Пешвои миллат дар охир иброз намуданд, ки “Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаи мо, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошанд”.

Бинобар ин, ба тамоми мардуми сарбаланду шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона ва содиқонаву софдилона сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатӣ қайд карда шуд, ки мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори ин санаи пурифтихор, яъне ободии Ватан, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем.

Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.

Дар охири суханронӣ Азиззода З.А. иброз доштанд, ки мо роҳбарият, аҳли омӯзгорон ва донишҷӯён сиёсати хирадмандона, маорифпарварона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва аз ғамхориву дастгириҳо нисбати кормандони соҳаҳои тандурустию маориф, ҷавонону занон ва умуман тамоми мардуми кишвар ба Президенти кишвар барои бунёди чунин ватани маҳбуб, ҳуқуқбунёд ва демократӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои мардуми кишвар, таъмини фазои сулҳу озодӣ ва тамоми шароитҳо барои рушд арзи сипоси беандоза менамоем.

Нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, мо ҳама бояд барои боз ҳам ободу зебо гардидан, таъмини сулҳу субот дар кишвар ва гулгулшукуфон гардидани он саъю кӯшиш намоем, зеро чи тавре, ки дар Паём қайд карда шуд, дастовардҳои кишвар натиҷаи заҳмату талошҳои ҳар як сокини ватани азизамон мебошад.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.