НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ” ДАР СОЛИ 2024 ВА НАҚШАҲО БАРОИ СОЛИ 2025

0 8

     Санаи 3 юми январи соли 2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз фаъолияти муассиса дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд. Директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода З.А. аз натиҷаи фаъолияти муассиса ба Шӯрои олимон ҳисобот дод.

    Аз ҷумла қайд карда шуд, ки коллеҷ айни замондорои чунин заминаи моддию техникӣ мебошад:

   5-бинои таълимӣ;

   1- хобгоҳ барои донишҷӯён;

   3-ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ;

   1-маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия бо дорухонаи таълимӣ;

   1-маркази таълимӣ — табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ;

  Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ;

  141-кабинетҳои таълимӣ.

  3-синфхонаи компютерӣ.

  1-майдончаи варзишӣ.

  1-толори варзишӣ.

  1-толори маҷлисӣ барои 110 нафар.

  1-китобхона.

     Қайд кардан ба маврид аст, ки масоҳати таълимӣ дар Коллеҷ 9 848,061м2 ва масоҳати таълимӣ дар базаҳои таҷрибаомӯзӣ (беморхонаҳо) 3 400 м2 мебошад. Ҷамъ масоҳати умумии таълимӣ 13 248,061 м2-ро ташкил медиҳад, ки барои ҳар як донишҷӯ 6,9м2 рост меояд.

     Дар муассиса аз оғози соли 2024 корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:

    Дар гирду атроф ва саҳни ҳавлии коллеҷ ҳар ҳафта чорабиниҳои шанбегӣ ташкил намуда, бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ, зиёда аз 2 300 қаламчаҳои гули садбарг,  600 бех гулу гулбуттаҳо, 400 дона тухми гули лола 12 бех дарахтони гуногун шинонида шудааст.

      Сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад.

       Дар давоми соли 2024, ошёнаи якум ва як қисмати ошёнаи дуюми бинои таълимии №2 ва хобгоҳи донишҷӯён аз таъмир бароварда шуд.

      Дар доираи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ дар заминаи хобгоҳи донишҷӯён  Маркази омӯзишии дӯзандагии «Дастони моҳир» мавриди истифода қарор гирифт. Марказ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ дар байни ҷавондухтарон мебошад.

      Дар бинои Беморхонаи Наркологии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шуъбаи тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ва муассисаи номбурда синфхонаи лексионӣ дорои 60 ҷойи нишаст ва 3 ҳуҷраи таълимӣ барои гузаштани дарсҳои амалӣ дорои 45 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.

     Раванди таълим пайваста бо ҷиҳозу аёнияти муосир, аз ҷумла электронӣ таъмин карда шуда истодааст.

      Дар соли 2024 ба ташхисгоҳҳои кафедраи “Химия ва биология” 46 номгӯи таҷҳизотҳо лабораторӣ дар ҳаҷми 17 560 сомонӣ ва барои безараргардонии таҷҳизотҳои стомотологӣ як тафдони барқӣ дар ҳаҷми 7 000 сомонӣ харидорӣ карда шуд.

      Ҳамзамон барои муҳайё намудани шароити таълим дар соли 2024, 150 адад миз, 490 адад курсӣ, 20 адад тахтаи синфӣ, 19 адад компютер, 1 адад принтер, 2 адад доскаи интерактивӣ харидорӣ карда шуд.

     Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 206-адад, принтерҳо 60-адад, тахтаҳои электронӣ 14-адад, проектори мултимедӣ 22-ададро ташкил медиҳад.

    Дар Коллеҷ айни замон 253 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. 18 нафар омӯзгорони коллеҷ бо мукофотҳои соҳавии “Аълочиии тандурустии Тоҷикистон”, 12 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 49 нафар бо нишони сарисингагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 17 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷмаъи умумии омӯзгорон 112 (44,2%) -нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 сола ташкил медиҳанд.

      Дар  коллеҷ 8 нафар унвони илмӣ доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ, 1 нафар номзади илмҳои таърих ва 1 нафар номзади илмҳои физика фаъолият доранд.

    54 (21,3%) нафар ба ҳайси омӯзгори калон (дорои дараҷаи тахассусии олӣ), 25 (10,0%) нафар ба ҳайси ассистенти кафедра (дорои дараҷаи тахассусии якум) ва 52 (20,5%) нафар ба ҳайси ассистенти кафедра (дорои дараҷаи тахассусии дуюм) фаъолият мекунанд. Омӯзгорони соатбай дар муассиса 338 нафарро ташкил медиҳанд.

Давоми соли 2024, 31 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

     Дар муассиса аз 15-ум то 20-уми январи соли 2024, дар давоми таътили зимистона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон оид ба раванди низоми кредитӣ бо фармоиши директори муассиса ва пешниҳоди шуъбаи илмӣ-методии коллеҷ семинари омӯзишӣ барои омӯзгорон дар мавзӯи «Истифодабарии услубҳои муосири таълим-роҳҳои асосии беҳтар намудани сифати таҳсилот» ташкилу баргузор карда шуд. Ва мутобиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари омӯзишӣ омӯзгорон коллеҷҳои тиббии минтақаи Кӯлоб-и вилояти Хатлон ҷалб карда, иштирокчиён бо шаҳодатнома таъмин карда шуданд.

     Айни замон дар коллеҷ 16 нафар омӯзгорон дар заминаҳои муассисаҳои олии илмии кишвар ба ҳайси унвонҷӯ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

     Дар асоси фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11 соли 2024, №766 ва нақшаи кории МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” оид ба баргузории конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар соли таҳсили 2024-2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (V-солона) доир ба мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ» бахшида ба солҳои 2020-2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 33 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

   Аз тарафи омӯзгорон дар соли 2024, мақолаҳои илмӣ, методӣ ва таълимию тарбиявӣ  дар ҳаҷми 117 адад аз чоп бароварда шудаанд.

    Имрӯзҳо дар коллеҷ  17  кафедра  фаъолият доранд.

    Мудирони кафедраҳо аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтахассус ва номзадони илм таъйин шудаанд.

   Дар коллеҷ аз руйи 9 ихтисос мутахассисони миёнаи тиббӣ омода карда мешаванд.

         Дар давоми соли 2024 ҳамагӣ 4 378 адад китоб харидорӣ карда шудааст, аз ҷумла 2 250 адад китобҳои тахассусӣ, 1 973 адад китобҳои умумитаълимӣ, 125 адад адабиёти бадеӣ, сиёсӣ 25 адад ва 27 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Айни замон хазинаи китобхона дорои ҳамагӣ 27 412 адад адабиёти таълимӣ мебошад.

         Дар соли 2024 аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои гуногун 56-дарси кушоду намунавӣ, 36-конференсияи назариявӣ — сиёсӣ, 10-конференсияи илмӣ-адабӣ, 5-конференсияи илмӣ-амалӣ, 12-мизи мудаввар, 1-семинари омӯзишӣ ва 14-озмунҳои дохилимуассисавӣ ташкилу баргузор карда шудаанд.

     Коллеҷ бо 36 муасиссаҳои тандурустии шаҳрӣ ва вилоятии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, шартномаҳои дуҷониба баста ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

     Кабинетҳои таълимии воқеъ дар муассисаҳои тандурустӣ, ки дар онҳо машғулиятҳои амалии фанҳои тахасусӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд мунтазам аз таъмир бароварда шуда, бо мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози таълимӣ таъмин карда шуда истодаанд.

    Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуллозода Ҷ.А., аз 6 майи соли 2024, №298 санаҳои 10 – 11 моҳи майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Олимпиада байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз фанҳои тахассусӣ баргузор гардид. Олимпиада байни донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, табобатӣ, момодоягӣ, дандонсозӣ ва фарматсевтӣ гузаронида шуд. Дар он зиёда аз 150 нафар донишҷӯён аз коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

   Донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” низ дар Олимпиадаи мазкур фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гаштанд. Аз ҷумла; Хоҷаева Ҳусноро Комилхуҷаевна аз ихтисоси кори ҳамширагӣ – ҷойи I; Тавурова Фотима Ғаффоровна аз ихтисоси кори ҳамширагӣ — ҷойи II; Мадинаи Муродалӣ аз ихтисоси кори момодоягӣ – ҷойи III; Раҳмонова Малоҳат Хушвахтовна аз ихтисоси кори момодоягӣ – ҷойи III; Нематова Шифо Ҷамшедовна аз ихтисоси кори табобатӣ – ҷойи III; ва Бобоев Тоҳир Зоирович аз ихтисоси кори дандонсозӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд.

     Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳисоби гурӯҳи дар байни коллеҷҳои тиббӣ дастаи донишҷӯёни коллеҷ сазовори ҷойи II гаштанд.

   Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” дар шарҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, ки 5-нафар донишҷӯёни Коллеҷ аз фанҳои дақиқ (технологияи иттилоотӣ, физика, математика, кимиё, биология ва география) иштирок намуда, бо ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

    Дар даври вилояии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 нафар донишҷӯёни Коллеҷ иштирок намуданд, ки Кенҷазода Марҷона -донишҷӯи курси 1-уми муассиса дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи сеюм ва Ашурова Сайёра — донишҷӯи курси 1-уми муассиса дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

    Инчунин дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» як нафар Ҷабборова Омина, донишҷӯи курси 2-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” дар жанри анъанавӣ “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 35 сола) иштирок намуда, сазовори дипломи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” гардид.

    Бо мақсади арҷгузори ба мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондустӣ ва  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, донишҷӯёни МДТ “Колеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Кулобиева Муборак Ҷурахоновна ва Намоззода Дилноза Зафар (аз бахши дуюми факултети “Кори табобатӣ”) дар озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки рӯзҳои 25-28 уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

     Ғолибони озмунҳо ва омӯзгорони онҳо аз тарафи раиси вилояти Хатлон ва маъмурияти муассиса ҳавасмад гардонида шудаанд.

   Ҳамчуни мутобиқи мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.10 соли 2024, №1/05-1571 даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои математика (тестӣ), биология (тестӣ), химия (тестӣ), физика (тестӣ) ва информатика (тестӣ) аз тарафи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Коллеҷҳо дар МДТ “Коллеҷи технологии ш.Душанбе” рӯзҳои 11-12 ноябри соли 2024 ташкил карда шуд, ки 5 нафар донишҷӯёни МДТ “Колеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” иштирок намуда,  донишҷӯи курси 2-юми факултети “Кори табобатӣ” Мутрибаи Худоёр аз фанни “Химия” сазовори ҷойи II ва донишҷӯи курси 2-юми факултети “Кори фарматсевтӣ” Абдуллоев Зубайдулло Намозалиевич аз фанни “Физика” сазовори ҷойи III шуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шудаанд.

   Ин ва дигар дастовардҳо зимни ҳисобот ба иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод карда шуд. Азиззода З.А. қайд намуданд, ки дар натиҷаи заҳматҳои коллективи омӯзгорони муассиса дар панҷ соли охир заминаи моддию техникӣ, сатҳи тахассуснокии омӯзгорон, шароитҳои корӣ барои омӯзгорону донишҷӯён хеле беҳтар шудааст, ки дар натиҷа нишондодҳои сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ низ беҳтар гаштааст.

   Дар ҷаласа якчанд нафар омӯзгорон оид ба натиҷаи фаъолияти муассиса дар соли 2024 суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро баҳри боз ҳам беҳтар гаштани натиҷаҳои фаъолият иброз доштанд.

   Дар охир директори коллеҷ Азиззода З.А. ба ҳамаи омӯзгорон барои фаъолияти пурсамарашон дар соли 2024 изҳори миннатдорӣ намуда, ҳозиринро бо фарорасии соли нави 2025 табрик намуд ва иброз дошт, ки мо дар солҳои оянда низ баҳри боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассиса, баланд намудани захираи китобхона, таъмини синфхонаҳои таълимӣ бо ҷиҳозу аёният, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва илмии омӯзгорон, беҳтар намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва ба ин васила боло бурдани нишондодҳои сифати таҳсилот ва сатҳи омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.