ВОХУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБ БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶУЁНИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ» 0 3 Мубодила кардан Санаи 2-уми декабри соли 2025 дар толори М.Д.Т. «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, Шоева Дилноза, Мирзоев Ҳофиз ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон вохӯрӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии ҲХДТ доир гардид. Дар вохӯрӣ Фирӯз Саймуминзода қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, ҳануз аз оғози таъсисёбиаш, ки ба 10-уми декабри соли 1994 рост меоя, ки аз Иҷлоссияи 16-уми тақдирсоз сарчашма гирифта, барои сарҷамъии мардуми Тоҷикистон, ободонӣ, озодӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, пешравӣ ва сулҳу суботи мардуми тоҷик таҳти роҳбарии бевоситаи раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созгор дорад. Ҳануз аз оғози таъсисёбии хеш дар рушду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, институтҳои демократӣ, равандҳои сиёсӣ иштироки фаолона дошта, дар ташкили муколамаи ҷомеа саҳмгузор буд ва ҳаст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф тавассути сохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳо бо нақшаву барномаҳои гуногуни ҷамиятӣ ва баргузории корҳои ташвиқотиву таблиғотӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ нақши созгор гузоштааст. Ҳамаҷониба рушду такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ ифтихор аз ватандории хеш, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум, бахусус ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки шиори ҳизб «Баҳри пешрафт ва саодати мардуми Тоҷикистон» мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб Фирӯз Саймуминзода донишҷуёнро аз комиёбиву муваффақиятҳи ба даст омадаи ҳизб дар даврони истиқлоли давлатӣ гуфта гузаштаанд. Дар идомаи вохӯрӣ инчунин, Шоева Дилноза зимни баромадаш қайд намуд, ки маҷлиси васеи КИ ҲХДТ аз 17.07.2025 як чорабинии муҳим ва омӯзандаи сиёсиву маънавӣ буд. Дар он Пешвои миллат масъалаҳои калидӣ ба монанди таъмини омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-уми солагии Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатии сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва нақши занон дар ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар хусуси нақши занон Пешвои миллат бо ифтихор таъкид намуданд, «Занон дар ҷомеаи мо бояд дар сиёсати давлатӣ, тарбияи маънавии насл ва пешбурди фарҳанг саҳми назаррас дошта бошанд». Ин паём мо занони ҷомеаро водор месозад, ки бозҳам масъулиятшинос, ташаббускор ва созандаву фаъол бошем. Ҳамзамон, як нуқтаи бисёр муҳими дигари маҷлис-мубориза бо рукни бегонапарастӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ буд. Пешвои миллат мунтазам даъват менамояд,ки ҳар як шаҳрванд,махсусан ҷавонон, бояд бо фарҳангӣ худ ифтихор кунанд, на ин ки ба унсурҳои бегона тақлид намоянд. «Бегонапарастӣ, коста шудани ҳисси ватандӯстӣ ва дӯри аз фарҳанги миллӣ таҳдид ба ҳастии маънавии миллат аст»-таъкид менамоянд Пешвои миллат. Ҳамзамон Мирзоев Ҳофиз қайд намуд.ки ҷавонони даврони истиқлол, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии ватан ба дунё омада камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт мамлакати тинҷу осуда,роҳбари хирадманду дурандеш,ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст.бирасанд. Ватанӣ азизу маҳбуби худро дӯст доранд,ҳамеша аз пайи ободиву осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд. Аз рӯи рушду тарбия дониш, ҷаҳонбинии ва ватандӯстии ҷавонон ояндаи давлат муайян мешавад,чунки ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта. Асосгузрории сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷӯҳ ва аҳмияти хоса медиҳанд. Дар охир ба якчанд нафар омӯзгорон ва донишҷуёни муассиса азъзоёни фаъоли ҳизби аз тарафи КИ ҲХДТ Сипосномаҳо тақдим карда шуд. ШУЪБАИ ТАРБИЯ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан