ҶАШНИ САДА – МУЖДА АЗ БАҲОР 0 8 Мубодила кардан Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Мутобиқи солшумории милодӣ он поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари тамаддунпаравари мо расман рӯзи 30-юми январ иди Сада ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Мардум, бахусус деҳқонон дар ин рӯзҳо ба омода намудани заминҳо барои кишту кор, порудиҳӣ, кандану тоза намудани ҷӯякҳо ва ғ. машғул мегаштанд. Дар ин айём дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бо чаппотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо оро дода мешуданд. Ғизоҳои миллӣ ба монанди қурутоб, умоч, далда дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд. Санаи 28 январи соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллӣ чорабинии идона бахшида ба иди Сада доир гардид. Дар ин чорабинии идона омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” фаъолона ширкат намуданд. Бахшида ба ҷашни мазкур аз тарафи омӯзгорону донишҷӯёни муассиса мизи бошукӯҳ бо пешниҳоди таъомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Назирмадова Р. Пеш 1 то 14 саҳифа Баъдӣ 0 8 Мубодила кардан