ИНТИХОБОТ – РОҲ БА СУИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР! 0 5 Мубодила кардан Санаи 2 марти соли ҷорӣ, ҳайати омӯзгорону донишҷӯйёни коллеҷ дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоз доданд. Қайд намудан бамаврид аст, ки интихоботи навбатӣ дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва амонии кишвар сурат гирифт. Мушоҳида карда шуд, ки дар ҳама участкаҳои интихоботӣ овоздиҳӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва садои суруду навои ватандӯстона оғоз ва ҷараён гирифт. Мардум пиру ҷавон бо дарки баланди масъулият ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсиӣ ва номзадҳои боваринокашон овоз доданд. Дар интихоботи навбатӣ иштироки фаъоли аҳолӣ мушоҳида карда шуд, ки ин аз боварии комили онҳо ба чунин маъракаи сиёсӣ ва эътимод ба вакилони интихобкардаашон мебошад. Зеро бо иштироки фаъолона ҳар як шаҳрванд саҳми худро дар рушди ояндаи миллат мегузорад ва бетарафӣ омили бузурги хатарнок дар чунин чорабиниҳо ҳисобида мешавад. Як гуруҳ донишҷӯёни коллеҷ, ки бори аввал аст, дар интихобот иштирок мекунанд, аз тарафи роҳбарияти муассиса бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, як гуруҳ омӯзгорони коллеҷ дар участкаи интихоботии №15 ҳавзаи №12 ҳамчун нозири интихобот фаъолият намуданд. Ёдовар мешваем, ки интихобот ягона механизмест, ки тавассути он шахс ҳамчун манбаи ҳокимият имконият пайдо мекунад, ки мустақилона ба воситаи овоздиҳӣ мавқеашро муайян намояд. Низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он бо хусусиятҳои хоси сохторию функсионалӣ ва мазмунии худ фарқ намуда, ифодагари ҷанбаҳои муҳимми ташаккули анъанаҳои давлатдорӣ мебошад, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва равандҳои демократӣ дар ҷаҳон такомул ёфта истодааст. Раёсати коллеҷ 0 5 Мубодила кардан