ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГИИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ПЕРОМУНИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

0 16

      Санаи 25 январи соли 2024 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” вохурии мудири шуъбаи тандурустии в.Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Рустамов Шарофиддин Саидович бо ҳайати омӯзгорони коллеҷ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мӯҳтавои Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

       Дар баромади худ Рустамов Ш.С. қайд намуд, ки тибқи нишондодҳои Паёми Пешвои муаззами миллат дар ҷумҳурӣ дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

      Дар Паём қайд карда шуд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

       Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

    Дар Паём чун ҳамеша ба масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷа дода шуд. Аз ҷумла Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

     Дар соли 2023 бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд, ки барои боз ҳам беҳтар гаштани фаъолияти сохторҳои вазорат мусоидат хаҳад намуд.

      Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст. Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

         Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

   Дар Паём қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.

      Тазаккур дода шуд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд. Махсусан нисбат ба паст будани сифати омодасозии мутахассисони миёна дар коллеҷҳои тиббӣ Президенти кишвар эроди ҷиддӣ гирифтанд. Масъалаи мазкур мову Шумо омӯзгорони муҳтарамро водор месозад, ки дар оянда баҳри беҳтар намудани сифати машғулиятҳо, беҳтар намудани пояи моддию техникии муассисаи таълимӣ, чопи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон фаъолияти худро ҷоннок намоем.

    Ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар супориш доданд:

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

    Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

    Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба дастгирии ҷавонону занон дар сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоҳида қайд карда гузаштанд. Қайд намудан зарур аст, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимомии аҳолӣ низ шумораи занон ва мутахассисони ҷавон хеле зиёданд ва имрӯзҳо онҳо аз дастгирии сиёсати хирадмандонаи ҳукуати кишвар баҳраманд гашта кору фаъолият доранд.

     Дар охири суханронӣ Рустамов Ш.С. қайд намуданд, ки дар шаҳру минтақаи Кӯлоб низ тули солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ хеле рушд намудааст. Вобаста ба ин нишондодҳои солимии аҳолӣ низ беҳтар гардидааст. Ба ҳамаи ин сохтмону ба истифода додани муассисаҳои муосири тандурустӣ дар минтақа, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз намудани онҳо ва беҳтар шудани таъминнокии кадрӣ мусоидат намудааст. Дар назди коллеҷи тиббӣ ҳануз соли 2015 аз тарафи Пешвои миллат санги асос барои сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён гузошта шуда буд ва сохтмони он бомаром идома дорад. Аз ҳамин лиҳоз устодони муҳтарам мову Шумо бояд аз шароити имрӯзаи кишвар, яъне фазои сулҳу осоиштагӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа нерӯманд гашта, бояд баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим дар муассиса, аз ҷумла беҳтар намудани пояи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон, чопи адабиётҳои таълимӣ ва ғайра кори худро баҳри беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгу ҷоннок намоем.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.