ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

0 0

      Ба муносибати таҷлили 25- май Рӯзи ҷаҳонии Футбол дар Муасисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мусобиқаи варзишии футбол, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорондар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар мусобиқа 16 даста рақобат намуданд, ки дар натиҷаи ҷойи 1-ум факултети «Кори табобати дандон», ҷойи дуюм факултети «Кори фарматсевтӣ» ва ҷойи сеюмро факултети «Кори табобатӣ» соҳиб шуда, бо ифтихорнома ва медалу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

     Ёддовар мешавем, ки Муасисаи давлатии таълимии «Коллеҷ тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз ташабуси Президенти Ассотсиятсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи Рӯзи ҷахонии футбол эълон намудани 25 май, истиқбол гирифта, ифтихор мекунад.

     Дар ҳақиқат бозии футбол яке аз роҳҳои бехтарини беҳдошти саломатӣ ва тарѓиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳдсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.

Иброҳимов С.Т.

Мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.