МАҲФИЛИ ДОРУСОЗ 0 26 Мубодила кардан Санаи 19 марти соли ҷорӣ аз тарафи кафедраи “Технологияи дорусозӣ ва ТИФ” маҳфили навбатии «Дорусози ҷавон» баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни факултети кори фарматсевтӣ иштирок намуда, донишу маҳорати худро оид ба тарзу усулҳои омода намудани як қатор навъҳои доруворӣ намоиш доданд. Аз ҷумла аз тарафи донишҷӯён малакаҳои ба вояҳо тақсим намудани хокаҳо, технологияи таёр намудани хокаҳои мураккаб ва тарзи таёр намудани маҳлулҳои обӣ намоиш дода шуданд. Дар охир фаъолони маҳфил бо сипосномаи раёсати муассиса қадрдонӣ шуданд. Мудири кафедра Сорбони А. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 26 Мубодила кардан