Вохӯрии кормандон ва донишҷӯёни Муассиса давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар санаи 27.11 соли 2024 бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

0 11

Бо мақсади дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии радикализми динӣ, таблиғи динситезӣ ва дингароӣ, хуруфот, ифротгароӣ, пушидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, татбиқи натиҷабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён” . Вохӯри бо омӯзгорону донишҷӯёни муассиса бо курсњои 1-уми “Кори ҳамширагӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосии (синфи 9)” ва донишҷӯёни курсњои 1-уми факултети “Кори момодоягӣ”.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори муассиса Г.Ҳ. Хушвахтзода,  оғоз намуда, меҳмононро бо аҳли ҷаласа шинос намуда қайд намуданд, оид ба масъалаи чорабинӣ ва муҳимияти масъалаи баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён гуфта гузаштанд. Мавсуф вобаста ба моҳият ва мақсади “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва  “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта гузаштанд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст. Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Сипас, сухан ба Нозири калони ГОПҲНҲ, майори милитсия Бобохонзода С.Х. , дода шуд.                                                                            Бобохонзода С.Х. зимни суханронияшон қайд намуданд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳу амонӣ зиндагӣ мекунанд. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари натиҷагирии дигар масъалаҳои соҳаҳои мухталифи халқ ба масъалаи сиёсати ҳуқуқи махсус таъкид намуданд. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Аз ҳамин нуқтаи назар, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи паёмашон ба Мачлиси Олӣ пешниход намуданд, ки “Соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”.

Воқеан, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” нишонаи ташакул ва рушди шахсияти донишманд, ҳуқуқдону китобхон ва маърифатпарвару  тарбиятгар буда, ҷомеаро дар шоҳроҳи устувори таърих раҳнамун месозад.

Муовини директори муассиса Г.Ҳ. Хушвахтзода, ба меҳмонон барои ташрифашон ва ташкили чунин як вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки аҳли омӯзгорону донишҷӯён дар оянда низ боз ҳам кӯшиш менамоянд, ки таълиму тарбияро хуб ба роҳ монда, ҷавононро дар роҳи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи кишвар тарбият хоҳанд намуд.

Хушвахтзода Г.Ҳ.

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар МДТ-и “Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

 

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.