Бояд гуфт, ки рисолати ҳар як фарди худогоҳ аини замон аз он иборат иборат аст, ки пеш аз ҳама арзишҳои миллии хешро дӯст дошта бошад, эҳтиром кунад ва онро ба наслҳои наврасу ҷавон талқин намояд.
Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки бо рӯйдодҳо ва паёмадҳои имрӯзи ҷомеа, ки дар поён аз онҳо хоҳем гуфт, насли имрӯза аз таъриху фарҳанги гузаштаи аҷдодон огоҳӣ дошта бошад.
Акнун бо чанд андешаҳо фикрҳои худро боён месозем.
Имрӯз мутаасифона ҳастанд ашхоси камхираду маърифати пастдоштае, ки бо амалҳои носози худ ҷомеаро доғдор месозанд. Барои мисол, занону модарони тоҷик аз таърихи гузашта бо либоси миллии тоҷикӣ аз ҷумла: сатину адрас, чакан ва дигар гулдузиҳои тоҷикӣ ифтихори миллати худро муарифӣ мекунанд. Адрасу чакани тоҷикро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои бузурги Аврупою Осиё ҳамчун арзиши волои як миллати таърихи мешиносанд ва онро эътироф мекунанд.
Имрӯз ҳатто дар гушаҳои тарғиботии марказҳои шаҳрҳои калони кишвари Аврупо Адрасу Чакани тоҷикӣ, ҳамчун осори бузурги фарҳангии миллати тоҷик мавриди тамошо мебошад. Ҳар як тоҷик аз ин бояд ифтихор дошта бошад. Имрӯз ҳар як сайёҳ, ё меҳмоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон меояд, ҳангоми баргаштан бо худ ё либоси чакан, ё ки тоқии чаканро ба сифати як туҳфаи гаронбаҳо ба Ватанаш мебарад. Зарур аст, ки ҳар як фарди миллатдӯст аз ин ҳолат ифтихори бузург дошта бошад.
Пас, он ашхосе, ки имрӯз ба либоси бегона майл дорад, ё тақлиди кур-курона ба либоси бегонаро дорад, чаро? Арзишҳои милли хешро қадр намекунад, ё ин ки ӯ худро чи гуна меросбари ниёгони хеш медонад? Ба ин саволҳо ҷавобҳо мухталифанд. Мисол: либоси сиёҳ ба бар кардан ё бо матои сиёҳ пушонидани сару рӯй асосе дорад? Аз гузашта то имрӯз дар фарҳанги аксари халқу миллатҳо, бахусус фарҳанги либоспӯши, либоси сиёҳро танҳо ҳамон рӯзе ба бар мекарданд, ки агар мусибатеро аз сар гузаронида бошанд. Аммо ин амал ҳам на дар ҳама халқу миллатҳо дида мешавад. Ба фикри мо ин танҳо тақлиди беасосе ҳаст, ки аз сатҳи пасти маърифатнокии ашхоси алоҳида бар меояд.
Аз дигар тараф аксари онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, танҳо ба хотири худнамоӣ ё ин ки зоҳирпарастӣ онро иҷро мекнанд. Ҳатто онҳо дарк карда наметавонанд, ки худро аз дигарон зиёд нишон додан ё боақл муарифи кардан ин нишонаи на ин ки бо маърифат буданашон аст, балки амалҳои онҳо маърифати пасти онҳоро ошкор месозад.
Чунки зоҳирпарастӣ инсонро ҳамчун инсони комил ба ҷомеа муаррифи карда наметавонад. Балки ҳар як инсон бо ботини худ, қалбу амали некаш аз ҷониби дигарон эътироф мешавад.
Ман чунин фикр дорам, ки либоси бегонае, ки мавриди истифодае бархе аз шаҳрвандон қарор мегирад, ин танҳо тарғибу ташвиқи фарҳанги бегона аст.
Пас, моро азрур аст, ки аз ин падидаҳои носоз дур бошем ва нагузорем, ки арзишҳои миллии мо тоҷикон халалдор ва поймол шаванд.
Яке аз масъалаи хеле нигарони кунанда дар ҷомеа, ки имруз моро ба истироб меорад ин хурофоту таасуби дини мебошад.
Бояд зикр кард, ки таърих гувоҳ аст, ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишона аз ҷаҳолату хурофотпарасти ҷой дорад, ин миллат аз зиндагии бо саодат маҳрум мешавад. Ин ҳолататро дар мисоле чандин кишварҳои ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҷаҳолату хурофот фарҳанги ин милллатҳоро ба нести овардааст.
Бинобар ин мардуми мо бояд аз ин омилҳои ба давлату миллат, хатар эҷод кунада огоҳ бошанд ва фирефтаи душманони дину оин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.
Талаботи замон ва тақозои рушди имрӯзи ҷомеа аз он иборат аст, ки мо сатҳи маърифатнокии мардуми худро боло бардорем технологияи муосирро аз худ кунем, мутаххасисони баландпояро омода созем, то ин ки онҳо дар бозори меҳнат, ҳам дар дохил ва ҳам берен аз он рақобатпазир бошанд. Мо бояд талош ба он дошта бошем, ки давлати тозаистиқлоли мо бо пешрафту рушди соҳавӣ дар шафати давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дошта бошад. Масъулияти ҳар яки мо дар ин марҳила, но вобаста аз мавқеи ишғол кардаамон бештар мегардад.