ХАТМИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАЗОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

0 12

     Рӯзи 25 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти коллеҷ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

      Чорабиниро директори муассиса доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба ин санаи тақдирсози миллат табрик намуданд. Азиззода З.А. қайд доштанд, ки: Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ба роҳ мондани сиёсати хирадмардона ва ваҳдатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор карда шудаанд. Маҳз Истиқлолият ва Ваҳдати миллист, ки Тоҷикистони мо имрӯз гулгулшукуфон гашта солҳои охир дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ғайра бомаром рушд намуда истодааст. Мову Шумо хушбахтарин инсонҳои рӯи замин ҳастем, ки дар чунин мамлакати ободу зебо ва ваҳдатсаро дар фазои сулҳу амонӣ ва ягонагӣ зиндагонӣ ва кору фаъолият намуда истодаем. Аз ин рӯ ҳама мардуми Тоҷикистон бахусус ҷавонон аз суханҳои Пешвои миллат ҷонибдорӣ намуда, ба қадри ин неъматҳои бебаҳо, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бояд бирасем, онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем то ягон душман ва нохалафе натавонад ба ин неъматҳо таъсири манфӣ расонад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо истифода аз неъматҳои он дар баробари рушди кишвар коллеҷи тиббии мо низ аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла заминаи кадрӣ ва моддию техникӣ рушд намуда, барои касбомузии донишҷӯён шароитҳои хеле мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин рӯзи фирӯз, ки коллеҷро зиёда аз ҳазор нафар хатм мекунанд хеле хурсандибахш аст. Боиси тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар муассисаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ таъсису ба истифода дода шудаанд, ки бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд ва барои кору фаъолияти ояндаи хатмкунандагони мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Азиззода З.А. хатмкунандагонро бо ин рӯз табрик намуда, ба онҳо сиҳатию саломатӣ, умри дароз ва дар зиндагию фаъолияти ояндаи касбиашон дар соҳаи хизматрасонӣ ба соҳаи тандурустии кишвар бурдбориҳои беназир орзӯ намуд.

     Дар рафти чорабинӣ ба 47 нафар хатмкунандагон, ки муассисаро бо дипломи аъло ва интизоми намунавӣ, хатм намуданд, сипосномаҳои роҳбари муассиса тақдим карда шуд. Ҳамзамон, волидайни хатмкунандагон ба сухан баромада, саҳми омӯзгорони коллеҷро дар ташаккулу омода намудани мутахассисони миёнаи тиб баланд арзёбӣ намуданд. Донишҷӯён низ дар навбати худ ба омӯзгорон ва волидайнашон барои саҳми арзанда гузоштан дар касбазхудкунии онҳо ва ба фаъолияти мустаъқилонаи касбӣ сафарбар намуданашон миннатдории бепоён изҳор намуданд.

     Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ суруду таронаҳои ватандустона пешкаш гардид, ки ҳусни чорабиниро шаҳомати дигар бахшид.

Нуруллоева С.А.

Иброҳимов С.Т.

Хушвахтзода Г.Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.