Дар марҳилаи имрӯзу оянда ҳамон миллате муваффақ аст, ки агар наслаш соҳиби донишу маърифати баланд аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Инсон дар тули мавҷудияти худ аз гузашта то имрӯз баҳри он талош мекунад, ки зиндагии хубу арзандае дошта бошад. Ин умеду орзуи ҳамешагӣ инсонро бедор месозад, ки ба омӯзиш, савод гирифтану соҳиби маърифат шудан талош кунанд. Чунки танҳо дониш ва маърифати ӯ метавонист, умеду орзуҳояшро амалӣ гардонад.
Оре, мо вақте, ки ба таърихи гузашта назар кунем мебинем,ки дар ҳар як ҷомеа оғоз аз ҳазорсолаҳои мелод то имрӯз, ҳамеша шахсиятҳое буданд, ки бо сатҳи саводу маърифати доштаашон миёни аҳли ҷомеа мақоми худро доштанд.
Барои мисол. Дар таърихи ҷаҳонӣ Афлотуну Суқрот, Ҳеродот ҳанӯз дар гузаштаи хеле дури ҷомеаи инсонӣ бо донишмандию маъфирати баландашон маъруф шуда буданд. Онҳо ҳатто ба давлатдорону мансабдорони баландпоя, дастуру тавсияҳо медоданд, яъне ин чунин маъно дошт, ки саводу дониш дар ҳама давру замон мақом ва нуфузи инсонро хеле баланд мекард.
Ин аст, ки дар таърих аз Куруши Кабиру Искандар, Канишка, Ардашери Бобакон, Исмоили Сомонӣ сар карда, чунин давлатдорони бузург ҳамеша кӯшиш мекарданд то донишмандону мутаффакирони маъруфро ба мансабҳои давлатӣ ҷалб намоянд.
Чунки онҳо метавонистанд дар кори давлатдорию давлатсозӣ ба онҳо кӯмаке карда бошанд.
Миллати соҳиби таърихи кӯҳан, тамаддуну фарҳанги оламгирӣ тоҷик низ аз аҷдодони гузаштаи худ то ба имрӯз бо донишу маърифати баландаш дар тамаддуни башарӣ нақши созгорӣ худро доранд. Ин миллати кӯҳан дар тули таърихи худ, наслҳоеро ба майдон овардааст, ки бо илму адабиёти пурғановаташон куллӣ башарро тасхир кардаанд.
Аз ҷумла; аз Зардушту Монӣ, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Имоми Аъзаму Имом Ғазолӣ, Абуали ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусраву Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров барин нобиғаҳоеро тавлид кард, ки бо донишу маърифати баланди худ миёни дигар халқу миллатҳо маъруфу маҳбуб гаштаанд.
Дар ҳақиқат дониш барои инсонҳо дар ҳама давру замон ҳамчун ҷавшани мустаҳкам хизмат кардааст.
Бинобар ин зарур аст, ки имрӯз ҳамагон баҳри андӯхтани донишҳои соҳавӣ кӯшиш карда бошанд. Чунки донишҳои мукаммал, мушкилкушои ҳамагуна мушкилиҳост. Мо наслҳои имрӯза бояд саводу дониш омӯзем, то меросбари воқеии ниёгони хеш бошем. Аз гузаштагони худ ифтихор кунем. Чунки онҳо бо донишу маърифати худ миллатро муаррифӣ намуданд. Онҳо аз худ мероси пурғанобате боқӣ гузоштаанд, ки барои наслҳои имрӯза ҳамчун заминаи донишу маънавиёт хизмат мекунанд.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ба хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоӣ мактабу маорифро ҳамчун самти афзалиятнок баррасӣ кардаанд. Мактаб, ки ибтидоӣ саводу дониши насли наврас ба ҳисоб меравад, зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар қарор гирифт.
Пешвои миллат, ҳамеша таъкид мекунад, ки мактаб, омӯзгор, ки ҷавҳари асосии саводу маърифати наслҳост, бояд мунтазам зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат бошад.
Чунки маҳз тавасути ин омилҳои муҳим, мо метавонем, ки насли имрӯзаи худро соҳиби донишу маърифати баланд гардонем.
Яке аз омилҳои муҳими аз худ кардани донишҳои замонавӣ, ин рӯй овардан ба китобу китобхонӣ мебошад. Ин аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ба хотири ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ; Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, Илм фурӯғи маърифат, Тоҷикистон Ватани азизи манн, Тоҷикон – оинаи таърихи миллат ва хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат роҳандозӣ шудаанд.
Ин тадбирҳо ба хотири ҷалби насли имрӯза ба китоб, донишу маърифат равона карда шудаанд. Дар ҳақиқат, имрӯз зарур аст, ки мо рӯ ба илму дониш биорем, чунки талаботи имрӯзи ҷомеа ҳамин аст. Давлати устувору пешрафта, иқтисодӣ тарақиёфта, сатҳи зиндагии шоиста барои мардум, аз насли соҳиби донишу маърифати баланд дошта, вобаста аст.
Чуноне, ки Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар «Рӯзӣ Дониш» ва баргузории Дарси Сулҳ иброз намудаанд. «Танҳо донишҳои мукаммал, маърифати баланди наслҳои имрӯз, омили муҳими иқтидору устувории давлат, рушди иқтисодиёту сатҳи шоистаи зиндагӣ барои мардуми мо шуда метавонад».
Моро зарур аст, ки имрӯз масъулияти мактабу омӯзгорро бештар гардонем. Чунки маҳз оғози саводу дониш дар зери таъсири ин ду омили муҳим амалӣ мешавад.
Маҳз омӯзгор аст, ки аз рӯзҳои аввали ба саҳни мактаб ворид шудани насли наврас онҳоро ба саводу дониш ҳидоят мекунад.
Дар ҳақиқат омӯзгор дар самти донишандӯзии наслҳо мақоми хос дорад. Омӯзгор аст, ки ақлҳои тираро рӯшан мекунад, дарҳои бастаро мекӯшояд, инсонҳоро бо донишҳо мусаллаҳ мегардонад, наслҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, Ватандорию меҳанпарастиро тарбия мекунад, давлатдорию давлатсозиро меомӯзад.
Оре, ин аст рисолати омӯзгор дар марҳилаи муосири таърих. Дар ҳақиқат, масъулияти омӯзгор дар марҳилаи кунунӣ хеле боло рафта, вазифаҳои бештаре барои омӯзгор пеш меоянд.
Бинобар ин омӯзгори асил, ҳамонест, ки талаботҳои ҷойдоштаро ӯҳда карда тавонад.
Чуноне, ки Пешвои миллат иброз медоранд, «Омӯзгори замони соҳибистиқлолӣ, аз омӯзгори се даҳсола пеш ба куллӣ фарқ бояд дошта бошад».
Яъне омӯзгори муосир, дар шароити имрӯза бояд чунин вазифаро иҷро кунад;
— Омӯзгор бояд ба касби интихоб намудааш завқ дошта бошад ва онро дӯст дорад.
— Омӯзгори имрӯз бо сифатҳои шахсияш барои шогирдон намунаи ибрат бошад.
— Омӯзгор пайваста касбияти худро такмил ва тақвият бахшад.
— Омӯзгор бояд дилсузӣ наслҳо, Ватан ва миллат бошад.
Оре, ин аст омӯзгори имрӯз. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо ҳамагон дастпарварони омӯзгорон ҳастем. Бинобар зарур аст, ки мақом ва нуфузи омӯзгор ҳамчун шахси таълимдиҳанда ва тарбиягари наслҳо дар ҷомеа пойдор бошад.
Касби омӯзгорӣ яъке аз пурифтихортарин касбҳо миёни касбҳои дигар аст.
Аз ин хотир мо бояд ба омӯзгорон эҳтиром дошта бошем.
Яъне эҳтиром гузоштан ба омӯзгор, эҳтиром гузоштан ба ояндаи давлату миллат аст.
Омӯзгори кафедраи
«Фанҳои табиатшиносӣ,
дақиқ ва риёзӣ» Л.Амирзод.