АНҶОМИ СЕМИНАР БАРОИ ОМӮЗГОРОН ДОИР БА МАВЗӮИ “ИСТИФОДАБАРИИ УСЛУБҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ – РОҲИ БОСАМАРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ”

0 6

     Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз 15 то 20 январи соли 2024 семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Истифодабарии услубҳои муосири таълим – роҳи босамари беҳтар намудани сифати таҳсилот” ҷараён дошт. Мақсад аз ташкили семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи маҳоратнокии омӯзгорони ҷавон ва ба ин васила беҳтар намудани сифати машғулиятгузорӣ ва таҳсилот мебошад. Дар семинари масъалаҳои мубрами таҳсилот дар коллеҷҳои тиббӣ, аз ҷумла истифодаи услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим, ҳуҷҷатгузории омӯзгор, қабули корҳои мустаъқилонаи донишҷӯён, масъалаҳои ахлоқӣ дар фаъолияти омӯзгор, услубҳои қабули малакаи амалии донишҷӯён, имлои забони тоҷикӣ, истифодаи барномаҳои компютерӣ ва дигар васоити техникӣ дар машғулиятҳо, омодагии омӯзгорон ба аттестатсия ва интизоми меҳнат, ки омӯзгорон бо онҳо давоми фаъолияташон бештар ру ба ру мегарданд мавриди омӯзиш ва музокира қарор гирифтанд.

    Дар семинари мазкур зиёда аз 100 нафар омӯзгорон, аз ҷумла аз коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб ва манотиқи он — н.Муминобод, н.Данғара, н.Фархор ва н. Ховалинг иштироки фаъол доштанд. Боварии комил дорем, ки ташкили чунин семинарҳо ва табодули таҷриба байни омӯзгорони коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ боиси баланд гардидани сатҳи касбияти онон мегардад.

    Дар ҷамъбасти семинар ба иштирокчиён шаҳодатнома оид ба иштирок тақдим карда шуд.

Сардори шуъбаи илмӣ-методӣ    Давлатова Сайлонбӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.