Ҷавонон дар тамоми давру замонҳоқувваи асосии пешбарандаи ҳар як миллату давлат ба ҳисобмераванд. Пойдорӣваояндаиҳармиллатроҷавононбардӯшдоранд, ҳамчун қувваибузургдармарказиҳаргунатағйиротутаҳаввулот ва падидаҳоиҷамъиятӣ саҳмгузоранд
Тибқи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар кишвар 2 миллиону 933 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин 29 фоизи аҳолиро дар бар мегирад. Аз ин шумора 1 миллиону 454,5 ҳазор нафарро духтарон ва 1 миллиону 474,2 нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз соли 2004, ҷавонон гуфта, ҳамон қишре дар назар дошта мешавад, ки аз 14 то 30 — сола ҳастанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ки ҳамасола дар ин рӯз ҳазорон ҷавони тоҷик бо хушнудӣ аз он истиқбол мекунанд. Асосгузори ин ҳама хушҳолии ҷавонон дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат дар рӯзи эълони сана, яъне соли 1997 бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон “Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон”-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.