ОМӮЗИШ ДОИР БА МАВЗӮИ «ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ»

0 0

   Вобаста ба иҷрои фармони Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробарокуниҳои ғайринақдӣ” дар  Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибби шаҳри  Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” санаи 18 марти соли 2024 ҷамъомади омӯзишӣ дар мавзуи «Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ташкил ва баргузор гардид.

         Ҷамъомади мазкур бо мақсади омӯзиши тартиби ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба воситаи кортҳои бонкӣ ва дигар масъалаҳои роҷеъ ба фаъолияти бонкӣ, бартариҳои он ошно намудани омӯзгорон ва донишҷӯён буд.

      Ҷамъомади омӯзишӣ аз тарафи мутахассисони бахши муҳосиботи коллеҷ ва омӯзгорони фанни асосҳои назарияи иқтисодӣ ташкилу баргузор карда шуд. Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро бо пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди бонкомату хазинаи ташкилотҳои қарзиии молиявӣ барои гирифтани пули нақд ё пардохти шаклҳои гуногуни хизматрасонии пулакӣ аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мегардад.

      Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён, ҳаққи хизматрасониро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, КЭШБЭК, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронидашуда ва дигар роҳу воситаҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод менамояд.

Сармуҳосиби коллеҷ                                 Акбарзода Н.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.