ҶАВОНОН ҲАМЧУН НЕРӮИ ТАШАБУСКОРУ СОЗАНДА

0 0

    «Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташабускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».          

                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

   Кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст.

     Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.

     Андешаҳои Пешвои муаззами миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри мо ҷавононро ба Ватан ва эҳтиромамонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

     Самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумат аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

    Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сохтмони муассисаҳои нави замонавӣ, компютеркунии муассисаҳои таълимӣ, инчунин барои рушди китобхонаҳо аҳамияти зарурӣ дода шуд.

    Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

    Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

     Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

     Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеъии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат ва миллат мебошанд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо дар маркази таваҷҷуҳи хоссаи пешвои миллат қарор доранд, зеро ободии давлат дар дасти ҷавонон аст.

     Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротиро барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад.

     Дар натиҷа, тавре имрӯзҳо мебинем, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз масъалаҳои доғ ва хеле нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҷавонон, ки аз муҳити хонаводагӣ тарбияи дуруст намегиранд, хому ноогоҳ зери таъсиру васвасаҳои шахсони сеюм қарор мегиранд.   Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, Ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

     Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кар­дан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон аён нишон медиҳад, ки мақоми ҷавонон барои ин миллат аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар ҷои махсус меистад. Ба мақоми ҷавонон дар тамоми марҳилаҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешуд. Ин буд, ки соли 1997 мақоми ваколатдори соҳа – Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

     Дар муддати 26 соли амали квотаи президентӣ аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат 25 568 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ин 13 388 нафар духтар ва 8821 нафар писар, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳоло дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қариб 7000 нафар ҷавонон бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

     Дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо гардида, ҳоло дар хориҷи кишвар аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда беш аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

     Ҳамчунин дар доираи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

    Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ талош хоҳад кард.

 

Мирзоева  Комила Абдулхайровна

Омӯзгори фанни  “Фармакагнозия” и кафедраи Фарматсияи МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.