ШАҲРАМОНРО ОБОДУ ЗЕБО МЕКУНЕМ! 0 35 Мубодила кардан Аҳли кормандон ва донишҷӯён дар асоси қарорҳои мушаххаси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ҳар рӯзҳои шанбею якшанбе ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, дар гӯшаю канорҳои шаҳри Кӯлоб ва дохилу атрофи муассисаи таълимӣ ба корҳои ободонию сабзу хуррамгардонӣ мепартозанд. Бо ҳамин мақсад рӯзи 21 – уми декабри соли равон кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ ба шанбегӣ баромада, дар ободу тозагардонии гӯшаҳои шаҳри Кӯлоб ширкат намуданд. Ҳамчунин гирду атроф ва дохили муассиса тозаю озода гардонида шуда, баҳри сабзу хуррамгардонии он зиёда аз 50 адад дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, зардолу, шафтолу, хурмо, анҷир ва олуча ва қариб 1500 бех қаламчаҳои гули садбарг ва гули лола шинониданд. Назирмадова Рисолат. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 35 Мубодила кардан