НАВРӮЗӢ МУБОРАК БОД!

0 2

    Санаи 19 марти соли равон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҳайати омӯзгорону донишҷӯён Наврӯзи ҷаҳониро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Чорабиниро директори коллеҷ доктори илмҳои тиб, Азиззода З.А. оғоз намуда, иштирокчиёнро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз маҳбубтарин ҷашни миллии тоҷикон ба шумор меравад. Он ҷашни зиндашавии табиат, фарорасии баҳори нозанин, оғози корҳои кишоварзӣ ва баробаршавии шабу рӯз аст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки моҳи сентябри соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилалии фарҳангӣ – ЮНЕСКО Наврӯзи фархундаро бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил ва соли 2010 бошад, ҷашни байналмилалӣ эълон намуд, ки аз нуфузу эътибор ва арзиши ҷаҳонии он дарак медиҳад. Аз ин ру имрӯзҳо Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд.      Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо омад омади Наврӯз зиндашавии табиат ба назар мерасад. Дар ин рӯзҳо дар ҳар як гӯшаю канори мамлакат ободкорию созандагиҳо ривоҷу равнақ гирифта ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Наврӯз реша дар таърихи фарҳанги қадимаи тоҷикон дорад. Он ҳамчун иди хуррамию эҳёи табиат, шукуфоию ободонӣ таҷлил мегардад. Наврӯз дар луғатномаҳо чунин тавсиф ёфтааст: Наврӯз- рӯзи нав, рӯзи тоза. Рӯзи аввали фарвардин, ки бузургтарин ҷашни миллӣ ва оғози соли нави мардуми ориёнажод аст. Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон муаррифгари таъриху фарҳанги миллати тоҷик дониста мешавад.

  Сипас шоираи ватансаро Хосият Вализода ба сухан баромада, бо якчанд шеърҳои тозаи ба фасли баҳору Наврӯз бахшидашуда хотири ҳозиринро шод гардонид.

   Дар чорабинии идона унсурҳои асосии вобаста ба ин ҷашни фархунда, аз ҷумла ороишоти идона: дастархони “Ҳафт-Син” ва “Ҳафт-Шин”, намоиши кишту кори маҳсулоти ғизоӣ, намоиши либосҳои баҳории миллӣ, хӯрокҳои миллии баҳорӣ — суманак, ширравған, атола, шакароб, дангича, ширбиринҷ ва ғ., дӯхтани либосҳои хоси баҳорӣ – чакан, тоқӣ ва ғ. мавриди намоиш қарор дода шуданд. Аз тарафи донишҷӯён саҳнаҳои тӯю маросимҳои баҳорӣ, ба монанди сартарошон, саршувон, дӯхтани нақшиниҳо, гаҳворабандон ва ғ. намоиш дода шуданд.

     Дар ҷашни идона ба ғолибони мусобиқаҳои гуштингирӣ ва шоҳмот, ки бахшида ба иди Наврӯз байни донишҷӯёни коллеҷ ташкилу баргузор гардида буд сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

   Пешниҳоди барномаи консертӣ бо сурӯдани сурудҳои баҳорӣ ва ба фасли наврӯз бахшидашуда аз тарафи санъаткорон ба ҷашн ҳусни хоса бахшид.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.