Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.
Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.
Дар меҳвари нахустин суханронию талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан, сарҷамъии миллат ва амсоли инҳо қарор гирифтанд ва як моҳ пас аз интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат дар муроҷиатнома ба мардуми кишвар, аз ҷумла изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.
Умед бастан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд: “Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад”. Ин мавқеи эътимодбахши давлату Ҳукумат тайи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст.
Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бемуболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.