ТАШКИЛИ ДАРСҲОИ КУШОДУ НАМУНАВӢ – РОҲИ САМАРАБАХШИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

0 3

     Санаи 18 марти соли ҷорӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Юсуфова Ҷ.Б. бо иштироки донишҷӯёни факултети “Кори момодоягӣ” дар мавзӯи “Таваллуди физиологӣ” ва Бозорова Гулбегим омӯзгори кафедраи тибби оилавӣ бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси “Кори табобатӣ” доир ба мавзӯи “Пешгирии фарбеҳӣ” машғулиятҳои кушоду намунавӣ ташкилу баргузор карда шуданд.

     Омӯзгорон дар машғулиятҳо оид ба масъалаҳои мазкур маълумоти муосиртарини соҳаи тандурустиро пешкаши донишҷӯён гардониданд. Дар машғулиятҳо услубҳои муосиру байналфаъоли таълим, аз ҷумла бозиҳои нақшӣ, иҷрои дастамалҳо дар муляжҳо, кор дар гурӯҳҳои хурд ва васоити электронӣ васеъ истифода бурда шуданд. Дар машғулиятҳо намояндагони раёсати коллеҷ ва омӯзгорони ҷавон иштирок намуда, ба сифати ташкили онҳо баҳои хуб доданд.

Сардори шуъбаи таълим Латипов С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.