ҶАРАЁНИ СЕМИНАР БАРОИ ОМӮЗГОРОН ДОИР БА МАВЗӮИ “ИСТИФОДАБАРИИ УСЛУБҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ – РОҲИ БОСАМАРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ”

0 4

    Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳоратнокии омӯзгорони ҷавон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз 15 то 20 январ семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Истифодабарии услубҳои муосири таълим – роҳи босамари беҳтар намудани сифати таҳсилот” ҷараён дорад. Дар семинари мазкур аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба доир ба мавзӯъҳои мубрами таҳсилот, аз ҷумла истифодаи услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим, ҳуҷҷатгузории омӯзгор, қабули корҳои мустаъқилонаи донишҷӯён, масъалаҳои ахлоқӣ дар фаъолияти омӯзгор, услубҳои қабули малакаи амалии донишҷӯён, имлои забони тоҷикӣ, истифодаи барномаҳои компютерӣ ва дигар васоити техникӣ дар машғулиятҳо, омодагии омӯзгорон ба аттестатсия ва интизоми меҳнат ва ғ. маърӯзаҳо пешниҳод карда мешаванд. Ба семинари мазкур ҳамчунин омӯзгорони ҷавон аз коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва ғайридавлатии минтақаи Кӯлоб даъват шудаанд ва иштирок доранд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.