Бояд қайд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлоли давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ, ҳамчун соҳаҳои афзалиятдошта таваҷҷуҳӣ хоса зоҳир намуда, барои рӯшди соҳаҳои мазкур тадбирҳо андешидааст. Дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ беш аз садҳо иншоотҳои муҳим дар соҳаи маориф ва тандурустӣ: мактабҳо, беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ бунёд карда шуданд, ки барои рӯшдӣ соҳаҳои зикршуда заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар ҳақиқат ҳамаи ин таъғйиротҳо, пешрафт, болоравии сатҳи зиндагии мардум маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳаёти осоишта, бахусус сайю талошҳои Пешвои муаззами миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо тоҷикон гаштааст. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор кардани рукнҳои давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст.
Ҳар як фарди солимақл ва соҳиби маърифату дониш имрӯз бояд шукургузор аз соҳибистиқлолии ватан, аз ҳаёти осоиштаву оромии кишвар, ваҳдату ягонагӣ бошад.