«ТЕРРОРИСТУ ИФРОТГАРО ВАТАНУ МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАНД!» Эмомалӣ Раҳмон

0 29

       Санаи 12 – уми декабри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки 1 июни соли 2021 аз тарафи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудааст, вохӯрии сардори шӯъбаи мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковник Шарипов Сарабек Нуралиевич бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ баргузор гардид.

       Ҷаласаро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Г.Ҳ. Хушвахтзода кушода, мақсади вохуриро ба ҳозирин фаҳмонид. Зимни суханронӣ сардори шӯъбаи мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковник Шарипов Сарабек Нуралиевич қайд намуданд, ки терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиятҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Баъзан сиёсати духураи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби азими буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд ба амал меояд. Абарқудратҳо баҳри муайян намудани мавқеи геополитикии худ пинҳонӣ ба гурӯҳҳои тундрав маблағгузорӣ менамоянд. Дар замони муосир кишварҳои Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифтааст, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна рӯз аз рӯз хавфу хатари навро эҷод менамояд.
Вусъатёбии фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмонҳои ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби исломии Туркистон» ва монанди инҳо илова ба проблемаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар хоки давлати ҳамсояи мо – Афғонистон – моро водор месозад, ки атрофи масъалаи мазкур диққати махсусро равона созем.

         Шарипов С.Н.,  зимни суханрониашон иброз доштанд, ки ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: “«террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!» Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.
Барои мубориза алайҳи ин зуҳуроти бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардонидани амалиёти самаранок бар зидди терроризм, дар навбати аввал, заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад.

      Дар моддаи 179-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст: – «Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо мебошад» .
Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» бошад, «Ифротгароиро ҳамчун зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои номатлуб инъикос ёфтае маънидод мекунанд, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад».

     Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем. Танҳо ин гуна муносибат метавонад моро ба осоишу якдигарфаҳмӣ ва меҳнати бошарафу дастовардҳои беназири мардуми кишвар муваффақ гардонад.

     Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини директор оид ба корҳои илмӣ Қ.Н. Маҳмудзода, ба Нуралиев З.С. барои ташкили чунин вохӯрии судманд бо ҷавонон изҳори сипос намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки маҳз саводнокӣ ва маърифати баланди ҷавонон метавонад онҳоро аз кирдорҳои ношоиста пешгирӣ кунад. Ӯ ба омӯзгорон рӯ оварда таъкид намуд, ки корҳои тарбиявиро баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватанпарварӣ, маърифати ҳуқуқӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, чакану адрас, ки имрӯзҳо ҳамчун арзишҳои таърихии байналмилалӣ эътироф шудаанд бештару беҳтар созанд.

 

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.