НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

0 39

Бо ин унвон санаи 13 декабр соли ҷорӣ, дар толори МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Конференсияи илмӣ-назарявӣ баргузор гардид. Дар Конференсия роҳбарияти коллеҷ, мутахассиси Прокуратураи шаҳри Кӯлоб Шарифзода Ҳоҷимуҳаммад Баҳром ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.

Конференсияро муовини директор оид ба таълим Нуруллоева Сарвиноз Ахматуллевна оғоз намуда, қайд доштанд, ки: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Эълон гардидани соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳиму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст.

Дар идомаи Конференсия мутахассиси Прокуратураи шаҳри Кӯлоб Шарифзода Ҳоҷимуҳаммад Баҳром ба сухан баромада иброз намуданд, ки: Маърифати ҳуқуқӣ ин тасаввурот, ҷаҳонбинӣ, дониши шахс дар бораи ҳуқуқ ва қонун, инчунин рафтори ҳуқуқии шахс мебошад. Пеш аз ҳама маърифати ҳуқуқӣ аз дарк намудани ҳуқуқҳои худи инсон ва вазифаҳои ӯ дар назди ҷомеа оғоз меёбад. Инсон бояд донад, ки ҳамчун шахс чӣ гуна ҳуқуқу уҳдадориҳо дорад ва ҳамчун шаҳрванд чӣ гуна ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дорад. Маърифати ҳуқуқӣ замоне ҷой дошта метавонад, ки шахс ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшро дарк менамояд ва тибқи қонун онҳоро амалӣ мегардонад .

Дар кори Конференсия омӯзгорони кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” низ бо маърӯзаҳои илмии худ вобаста ба эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” андешаҳои амиқи илмиро баён доштанд.

Иброҳимов С.Т. мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.