ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ 0 17 Мубодила кардан Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуллозода Ҷ.А. аз 6 майи соли 2024, №298 санаҳои 10 – 11 моҳи майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Олимпиада байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз фанҳои тахассусӣ баргузор гардид. Олимпиада байни донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, табобатӣ, момодоягӣ, дандонсозӣ ва фарматсевтӣ гузаронида шуд. Дар он зиёда аз 150 нафар донишҷӯён аз коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” низ дар Олимпиадаи мазкур фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гаштанд. Аз ҷумла Хоҷаева Ҳусноро Комилхуҷаевна аз ихтисоси кори ҳамширагӣ – ҷойи I; Тавурова Фотима Ғаффоровна аз ихтисоси кори ҳамширагӣ — ҷойи II; Мадинаи Муродалӣ аз ихтисоси кори момодоягӣ – ҷойи III; Раҳмонова Малоҳат Хушвахтовна аз ихтисоси кори момодоягӣ – ҷойи III; Нематова Шифо Ҷамшедовна аз ихтисоси кори табобатӣ – ҷойи III; ва Бобоев Тоҳир Зоирович аз ихтисоси кори дандонсозӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳисоби гурӯҳи дар байни коллеҷҳои тиббӣ дастаи донишҷӯёни коллеҷ сазовори ҷойи II гаштанд. Нуруллоева Н.А. — ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Пеш 1 то 17 саҳифа Баъдӣ 0 17 Мубодила кардан